ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

АЗ МАРГИ ФОҶИАВИИ БАҲРОМИ ҒАФУРӢ ЯК СОЛ ГУЗАШТ (ВИДЕО)

Як сол пеш, субҳи 7 августи соли 2020, соати 04:00, бар асари дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази Душанбе дар наздикии Донишгоҳи омӯзгорӣ ба КАМАЗ бархӯрдани як мошини ҷипи “Ланд Крузер-200”  Баҳроми Ғафурӣ, овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик,  дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи ҷип муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ Ислом Анварзода ва мусофири дигари мошин – Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Бо гузашти як сол аз марги фоҷиавии овозхони маҳбуб то кунун касе барои он садамаи марговар ба ҷавобгарӣ кашонда нашудааст. Парвандаи ҷиноӣ ба зидди гумонбари асосӣ: ронандаи ҷип Ислом Анварзодаро “бинобар дар ҳолати бемори вазнин қарор доштанаш” боздоштаанд.

Ислом Анварзода, писари Анвар Қурбонов, маъруф ба “Анвари Текстил”, мудири кулли корхонаи нассоҷии Душанбе буд. Мақомот Анварзодаро ба он айбдор карданд, ки дар ҳолати мастӣ сари фармони мошин нишастааст ва мошинашро ба болои ин бо суръати хеле баланд ронда, сабабгори садамаи марговар шудааст. Ӯро билофосила аз мансаб барканор карданд ва баъди чанде хабар омад, ки гӯё табибон як дасти Анварзодаро буридаанд. Чанде баъди дигар хабар расид, ки Ислом Анварзодаро барои идомаи табобат ба хориҷи кишвар фиристодаанд.

Ислом Анварзода

Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 хабар дод, ки 10 августа соли 2020 бар асоси қисми 4 моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Анварзода парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд, вале “ҳаминро бояд қайд намуд, ки 10 октябри соли 2020 бинобар дар ҳолати бемории вазнин қарор доштани Анварзода Ислом, дар асоси сархати 3 қисми 1 моддаи 230 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ боздошта шудааст”.

Ба бовари бисёриҳо, Ислом Анварзодаро хешовандони бонуфузаш бо мақсади халос кардан аз ҷавобгарии ҷиноӣ аз Тоҷикистон гурезондаанд.

Баҳроми Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ собиқ Ленин) ба дунё омада, риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллиро хатм кардааст.

Баҳроми Ғафурӣ аз худ 10 албоми таронаҳо боқӣ гузошт. Ӯ ҳамчунин дар озмунҳои мусиқӣ унвонҳои ифтихории “Ситораи сол ва Овозхони беҳтарин” – ро соҳиб шуда, соли 2009 дар озмуни байналмилалии Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.

Яке аз таронаҳои аз ҳама машҳури Баҳроми Ғафурӣ “Муҳоҷирбача” бар матн ва оҳанги Фарҳоди Милод буд, ки дар тӯли солиён гимни ғайрирасмии муҳоҷирони тоҷик дониста мешуд.

Баҳроми Ғафурӣ танҳо ҳунарманди тоҷик нест, ки дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд. Соли 1979 Муқаддас Набиева ва соли 1991 Наргис Бандишоева бар асари садама ҷони худро аз даст дода, ҳаводорони худро ғарқи мотам карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button