ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

НОМИ ЗОДАИ ИСФАРА ФАРРУХ ФАЙЗИМАТОВ БА РӮЙХАТТИ СИЁҲИ АМРИКО АФТОД

Вазорати молияи Амрико  рӯзи 28 июл Фаррух Файзиматов, мулаққаб ба “Фаррухи Шомӣ”, як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми кумак ба созмони террористии “Ал-Қоида” ва ҷалби одамон ба сафи гурӯҳҳои тундрав дар Сурия ба рӯйхатти сиёҳ ворид карда, таҳти таҳримҳо қарор додааст. Номи Файзиматов қаблан дар рӯйхатти “шахсони алоқаманд ба терроризм”-и Бонки Миллии Тоҷикистон  низ дарҷ шуда буд.

Ба иттилои мақомоти Амрико, Фаррух Файзиматов дар Сурия буда, дар ҳайати созмони тундрави “Ҳайат ут-Таҳрир аш-Шом” қарор дорад ва ба “Ал-Қоида” ёрии моливу техникӣ мекунад.

“Файзиматов шабакаҳои иҷтимоиро барои нашри таблиғот, ҷалби аъзои нав ва ҷамъоварии хайрот барои созмони “Ҳайат ут-Таҳрир аш-Шом” истифода мекунад. Инчунин, маблағҳои худро барои харидани таҷҳизот, аз ҷумла мототсиклҳо ба ин созмон сарф намудааст”, — гуфта шудааст дар гузориши мақомоти амрикоӣ.

Радиои Озодӣ мегӯяд, Фаррух Файзиматов зодаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд буда,  “соли 2016 ба Сурия рафтааст”.

Як масъули Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз аз соли 2016 нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои мусаллаҳона дар кишварҳои хориҷӣ” парванда боз шуда буд. Ин модда дар Тоҷикистон ҳамчун ҷазо аз 5 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

“Бар асоси иттилои дарёфтии мо, ҳоло ӯ дар Идлиб қарор дорад ва бо хонаводааш дар тамос аст. Талошҳои мо барои баргардонидани натиҷа надод”, — гуфтааст ҳамсуҳбати Озодӣ.

Фаррух Файзиматов дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол  буда, аз саҳнаҳои ҷангу харобӣ дар Идлиби Сурия  асосан ба забони русӣ навор нашр мекунад.

Ӯ дар як паёми хаттӣ ба Радиои Озодӣ худро “журналист ва блогере” номид, ки “аз харобкориҳои ҳукумати Башор Асад ва Русия дар Идлиб навор таҳия мекунад.” Вай тасдиқ кард, ки дар Ҳайат ут-Таҳрир аш-Шом” қарор дорад, аммо гуфт, бо “Ал-Қоида” робита надорад.

Номи “Форуқ Шомӣ” моҳи марти соли 2021 дар матбуоти Фаронса дар робита ба қатли Самуэл Патти, омӯзгоре, ки аз ҷониби Абдулло Анзоров, як ҷавони чечен кушта шуд, расонаӣ шуд.

Нашрияи фаронсавии Le Parisien (“Паризен”) навишт, ки Анзоров пас аз куштани Самуэл Пати, омӯзгори таърих, ки ба хонандагон карикатураҳои паёмбари Исломро нишон медод, ба Форуқи Шомӣ ном шахсе тавассути Инстаграм паём фиристодааст. Онҳо дар ин шабака дар бораи масоили динӣ бо ҳам мукотиба доштаанд. Фаррух Файзиматов дар паёмаш ба Озодӣ тасдиқ кардааст, ки воқеан бо Абдулло Анзоров тамос дошт.

Вазорати молияи Амрико се сол пеш барои маълумоте, ки ба боздошти полковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН ВКД Тоҷикистон, ки баъди фирораш ба Сурияву Ироқ дар саффи ДОИШ то ба мақоми “вазири ҷанг” расид, 3 миллион доллар ҷоиза ваъда карда буд.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар солҳои охир беш аз 2 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон, бархе “хонахез” бо аҳли оилаашон, ба Сурияву Ироқ рафта, ба саффи созмонҳои тундраву террористе, чун  ДОИШ, пайвастаанд.

Манбаъ: Муъмин Аҳмадӣ, Радиои Озодӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button