ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ДУШАНБЕ ЯК КӮДАКИ … 9-СОЛАРО ҒОРАТ КАРДААНД

Ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 252 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ин дафъа ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 27 июл, тахминан соати 16:00 дар назди боғчаи кӯдаконаи «Лола» як кӯдаки 9-соларо латту кӯб намуда, телефони мобилии тамғаи «Ленова»-и ӯро бо зӯр кашида гирифтааст. Дар ин бора ба  ШВКД-2 ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза модари 40-солаи ҷабрдида муроҷиат кардааст. Маблағи зарари расонидашуда 800 сомониро ташкил медиҳад.

хххххххххххххххххххххх

Як марди 35-солаи бе ҷойи зист (бомж), ки пеш бо моддаҳои 244, 237 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаас, ба он гумонбар мешавад, ки субҳи 28 июл, тахминан соати 05:30, дар кӯчаи Шевченкои шаҳри Душанбе ба қафаси синаи марди 31-солаи сокини ноҳияи Ёвон, ки пеш бо моддаи 237 суд шудааст, як зарбаи корд задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати миёнаи ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 29 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 40-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 27-уми июли соли 2021, тахминан соати 16:00 дар назди боғчаи кӯдаконаи «Лола», писари ноболиғи 9-солаашро шахси номаълум лату кӯб намуда, аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Ленова»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 800-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 252 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 35-сола бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи бе ҷойи зист, ки пеш бо моддаҳои 244, 237 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 28-уми июли соли 2021, тахминан соати 05:30-дақиқа дар кӯчаи Шевченко-44 бо корди дар дасташ дошта, ба қафаси синаи марди 31-солаи сокини ноҳияи Ёвон, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 1-маротиба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати миёнаи ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button