ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ ДУЧАРХАРОН ДАР АШТУ МАСТЧОҲ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 14 июл бар асари ду садама дар ноҳияҳои Ашт ва Мастчоҳ ду дучархарони яке 55-сола ва яке 49-сола ба ҳалокат расидаанд.

Аз ҷумла шаби 14 июл, тахминан соати 21:40, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», Пӯлотов Меҳровар, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати Ашт ҳангоми ҳаракат дар роҳи ҳамин ҷамоат аз уҳдаи идораи мошин баромада натавонист ва дучархарони ҳамдеҳааш Нурматов Муҳаммадалӣ, соли таваллудаш 1966-ро, ки аз канори рости роҳ ҳаракат мекард, пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа дучархарон Нурматов М.А. аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, ҳамон шаби 14 июл, тахминан соати 22:00, ронандаи мошини тамғаи «Дэу-Леганзе», Ҳоҷибоева Зумрат, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳраки Чоруқдаррон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар километри 347-уми  ин шоҳроҳ дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, дучархарон, Мирзоев Абдурашид, соли таваллудаш 1972, сокини ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳро, ки аз канори рости роҳ ҳаракат мекард, пахш намудааст. Дар натиҷа дучархарон, Мирзоев А. М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button