ШЕРИ САҲНАИ ТОҶИК МОРО ТАРК ГУФТ

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайсов рӯзи 12 июл дар корпуси шашуми бемористони Қараболо дар синни 70 аз олам чашм пӯшид. Шералӣ Абдулқайсов вақтҳои охир ба сабаби бемории тӯлонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ тақрибан фаъол набуд ва ҳатто моҳи апрели соли ҷорӣ натавонист ҷашни 70-солагиашро ба гунае ки мебоист, таҷлил кунад. Ӯ Шери саҳнаи тоҷик ном мебурданд.
Шералӣ Абдулқайсов 15 апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1968 мактаби №8 деҳаи Дерзуд ва соли 1973 шуъбаи актёри драма ва кинои Донишкадаи педагогии Душанберо хатм кардааст. Ӯ баробари хатми донишкада ба театри давлатии драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор пазируфта шуд ва ҳудуди ним аср дар саҳнаи ҳамин театр ҳунарнамоӣ кард.
Шералӣ Абдулқайсом ҳамчунин аз соли 1996 дар Донишкадаи санъат дарс медод ва мудирии кафедраи маҳорати актёриро ба уҳда дошт.
Шералӣ Абдулқайсов дар ҳаёти иҷтимоӣ низ хеле фаъол буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар матбуот дар мавзӯъҳои доғи рӯз ҳамеша изҳори назар мекард. Мақолаҳояш низ дар расонаҳо зиёд чоп мешуд.

