Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯ БАРОИ АКАДЕМИК ОЛИМЗОДА ДАСТГОҲИ НАФАСКАШӢ ФИРИСТОДААСТ

Дарҳо ҳама барбаста аз хавфи сироятҳо,

Шуд ҳуҷраи беморӣ бар соҳиби худ зиндон...

Шоири шинохтаи тоҷик Аскар Ҳаким дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки академик Кароматулло Олимзода бо бемории коронавирус дастбагиребон буда,  аҳволаш як муддат вазнин шудааст ва раиси Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ ахиран барояш дастгоҳи нави нафаскашӣ фиристодааст. Аскар Ҳаким аз қавли духтари академик Олимзода хабар дод, ки ҳоло аҳволи ӯ рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.

Кароматулло Олимзода 27 июли соли 1944 дар Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) ба дунё омада, соли 1964 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ аз соли 2001 то 2004 вазири фарзанги Тоҷикистон буд ва сипас дар мақомҳои мушовири президент, раҳбари Пажуҳишгоҳҳои фалсафа ва шарқшиносии Академияи илмҳо  ва ноиби президенти ин академия кор кардааст. Аз соли 2010 узви раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст

Кароматулло Олимзода дар бистари беморӣ дар ҳавои қасидаи “Айвони Мадоин”-и Ҳоқонии Шервонӣ як шеър дар мазаммати коронавирус ҳам навиштаанд, ки Аскар Ҳаким дар саҳифааш чоп кардааст:

Ҳон,эй дили ибратбин,,аз дида назар кун,,ҳон,

Халқони ҷаҳонро бин,,яксар шуда саргардон.

Аз Ғарб низоъ хезад, в-аз Шарқ бало хезад,

Ҷангал шуда дар оташ, дарё шуда пуртӯфон.

Перор ҳамедидам, чун гул ҳама хандон буд,

Имрӯз чу мебинам аз мотаму ғам нолон.

Ковид ниҳонӣ буд, имрӯз ҷаҳонӣ шуд,

Бо кӯшиши истеъмор бо дағдағаи шайтон.

Зад хаймаи лашкарро, то ҷанг кунад эълон,

То ақл шавад маъдум, то маҳв шавад инсон.

Онҳо, ки бурун карданд аз шиша кунун ҷинро,

Озоду амон ҳастанд, пӯшида ба тан хафтон.

Дар роҳу гузаргаҳҳо эъмор тарассудҳо,

Дар чор тараф дорад сайёди аҷал фармон.

Аз чорагарон ояд пайғоми илоҷи дард.

Афсӯс, на ҳар касро дору бишавад дармон.

Аз аҳли зиё рафтанд чанде зи ҷаҳон, афсӯс,

Ишқи Ватан андар дил, бо орзую армон.

Дарҳо ҳама барбаста аз хавфи сироятҳо,

Шуд ҳуҷраи беморӣ бар соҳиби худ зиндон.

Шуд бистарӣ марду зан дар банди шифохона,

Ин бехабар аз шавҳар, ӯ дода ба сахтӣ ҷон.

Аз тири аҷал ҳар дам афтода бубин марде,

Не дида камони ӯ, не омадани пайкон.

Дунё ба хирадмандон дорад чу ниёз ин дам,

То пора шавад ковид, то ҷилва кунад имон.

Имони қавӣ бахшад пирӯзӣ ба ҳар разме,

Инсон бишавад ғолиб, шарманда шавад шайтон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button