Хабарҳои кӯтоҳ

МУНОҚИШАИ ХУНИН ДАР САМБӮСАХОНАИ “ЧИЛЧАРОҒ”, ҲАМЛА БА ЯК ЗАН ДАР ГУЛБУТТА ВА ДУЗДИИ 25 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПУЛИ СОКИНИ КОНИБОДОМ ДАР БОХТАР

Ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров ба он гумонбар мешавад, ки шаби 5 июл, соати 22, дар назди самбӯсахонаи «Чорчароғ», воқеъ дар кӯчаи Себзори шаҳри Хуҷанд, дар ҳолати мастӣ бе ягон асос бо марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров, ҷанҷол карда, ӯро ду зарбаи корд задааст.

хххххххх

Ду ҷавони 21-сола ва марди 31-сола, сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешаванд, ки соати яки шаби 6 июл дар маҳаллаи Гулбутта зани 37-солаи сокини пойтахтро лату кӯб карда, бо зӯрӣ 250 сомонӣ ва телефони мобилии ӯро кашида гирифтаанд.

ххххххх

Миралиев Каримҷон ба он гумонбар мешавад, ки шаби 3 июл дар кӯчаи Логини шаҳри Бохтар бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили иҷораи Асимов Руслан, сокини 43-солаи Конибодом шуда, аз дохили ҷузвдонаш 25.000 долари ИМА ва 3000 рубли русиро ба яғмо бурдааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 12 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо корд захмӣ намудани марди 36-сола дар заминаи муноқиша

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 5-уми июли соли 2021, тахминан соати 22:00 дар назди самбӯсахонаи «Чорчароғ», воқеъ дар кӯчаи Себзори шаҳри Хуҷанд, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бе ягон асос бо марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 2-маротиба ба бадани охирон зада, дар натиҷа ба саломатии ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 6-уми июли соли 2021, тахминан соати 01:00 ҳангоми дар маҳаллаи Гулбутта қарор доштанаш шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 250-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилиашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 400-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 21-сола ва марди 31-сола, сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2021, дар кӯчаи Н.Қарабоев марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 71 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки баъд аз 2-моҳ бармегардонад, аммо фиреб дода то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкоршавии ҷинояти дуздӣ дар шаҳри Бохтар

Ба Шуъбаи ВКД дар шахри Бохтар шаҳрванд Асимов Руслан соли таваллудаш 1978 сокини шаҳри Конибодом бо ариза муроҷиат намуд, ки шаби 3-юми июли соли равон аз манзили иҷоравияш, вокеъ дар кӯчаи Логини шаҳри Бохтар шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ворид гашта, аз дохили ҷузвдонаш маблағи 25.000 долари ИМА ва 3000 рубли русиро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯи ба кормандони милитсия муяссар гашт, ки шахсияти гумонбари ин ҷинояти дӯздиро ошкор намуда, ба кирдорхои ғайриқонунии ӯ хотима гузоранд.
Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки Миралиев Каримҷон аз фурсати ба худ муносиб аз набудани ҷабрдида дар макони зист, истифода карда, шабона тариқи пинҳонӣ вориди манзил мегардад ва аз ҷузвдони Асимов маблағҳои пулии дар боло зикршударо тасарруф менамояд ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Хушбахтона, дар зарфи ду шабонарӯз аз ҷониби кормандони шӯъбачаи кофтуковии ШВКД дар шаҳри Бохтар гумонбаршуда дастгир шуда, оиди дуздии маблағҳо пурра иқрор гардид, ки бо кирдорҳои қасдонаи хеш ба ҷабрдида зарари ҷиддӣ расонидааст.

Бо назардошти он ки дар кирдори Миралиев Каримҷон баръало аломатҳои таркиби ҷиноят ҷой доранд, нисбаташ дар шӯъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Бохтар, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button