ВидеоМуҳоҷиронТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 22 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими панҷшанбе, 22 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Дар ин барнома:

КУМИТАИ АМНИЯТ ГУФТ,  ДОМУЛЛО АБДУЛҲАҚ БО ҶУРМИ САЛАФИЯ ДАСТГИР ШУДААСТ

БА ШИРКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОӢ БАРОИ КАМ КАРДАНИ НАРХИ ПАРВОЗҲО БА РУСИЯ ДУ РӮЗ ФУРСАТ ДОДАНД

ПАРВАНДАИ ЗАМИНФУРӮШИИ ЯК РАИСА АЗ НОҲИЯИ ҶОМӢ БА ДОДГОҲ РАФТ

КУШТА ШУДАНИ ЯК ҶАВОН ДАР ЗАНОЗАНИИ ГУРУҲӢ ДАР ЧОРТЕППА

ФИРОР АЗ ҚИСМИ ҲАРБӢ ВА ДУЗДӢ: САРГУЗАШТҲОИ САРБОЗ БӮРАКЗОДА

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Мақомоти амниятии Тоҷикистон гузориши як рӯз қабли сомонаи “Бомдод” дар бораи боздошт шудани Домулло Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансурро тасдиқ карданд. Хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 22 апрел бо истинод ба “бахши робитаҳои ҷамъиятии шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Ваҳдат” хабар дод, ки “аз ҷониби шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, бо ҷурми алоқамандӣ бо ҷараёни экстремистииСалафия”, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, шаҳрвандон Обидов Абдулҳақ Абдулвосиевич, Шухиев Абузар Наҷбуддинович, Маҳмадуллоев Абдулло Муҳаммадбекович, Турков Азиз Тоҷиддинович ва Табаров Аҳмадхоҷа Абдусатторович, сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардиданд.

Бино ба ин манбаъ, нисбати ин 5 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Қаблан манобеи сомонаи “Бомдод” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабар доданд, ки Домулло Абдулҳақ, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шоми 19 апрел, ҳамагӣ чанд рӯз баъди мавъизаи пурсарусадояш дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шудааст.

Домулло Абдулҳақ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ ӯро “яке аз пешвоҳои бузурги мо” ном бурда, аз он изҳори надомат карда буд, ки “вақте чунин инсонҳо дар миёни мардум боқӣ намонд, Худованд олимеро боқӣ нагузошт, мардум дигар пешвоёни ҷоҳил ва нодонро барои худ пешво мегиранд”  ва ин “пешвоҳои ҷоҳилу нодон, ки аз илми Шариъат баҳрае надоранд, бидуни илму огоҳӣ барои мардум фатво содир мекунанд.”

Ба иттилои ҳамсуҳбатони “Бомдод”, мақомоти амниятӣ дар ин муқоиса гӯё ишораҳо ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа “Пешвои миллат” эълон шуд. Вале яке аз афроди наздик ба Домулло Абдулҳақ гуфт, мавъизаи ӯ ягон паёми сиёсӣ надошт ва манзураш аз  “пешвоҳои ҷоҳилу нодон” танҳо он ходимони дин буд, ки бо дониши андак фатво содир мекунанд.

Домулло Ҳикматуллоҳ, яке аз муътабартарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷик, рӯзи 13 апрел, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон дар синни 80 аз олам чашм пӯшид ва рӯзи 14 апрел дар зодгоҳаш – деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супурда шуд. Дар маросими дафни ӯ ҳазорон нафар аз пайравонаш ва ҳамин тавр, аксари рӯҳониёни матраҳ дар арсаи динии Тоҷикистон иштирок карданд. Аксари ин рӯҳониёни шинохта, аз ҷумла Домулло Абдулҳақ, дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ суханронӣ карданд.

ххххххх

Рӯзи 22 апрел дар як ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон масъалаи нархҳои аз ҳад баланди парвозҳо ба Русия, ки мавҷи норозигии сокинонро барангехтааст, баррасӣ шуд. Дар ин ҷаласа ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ду рӯз фурсат додаанд, ки нархҳоро поён баранд, вагарна аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон маҳрум карда хоҳанд шуд. Дар ин бора ба “Азия Плюс” сардори Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода хабар дод.

Русия аз 1 апрел ба парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Баъди ин даҳҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки як сол боз ба сабаби пандемияи коронавирус барои мардикорӣ ба Русия рафта наметавонистанд, ба кассаҳои фурӯши чиптаҳои парвоз фурӯ рехтанд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо сӯиистифода аз фурсат нархҳоро чанд маротиба бардоштанд. Ба гуфтаи сокинон, нархи парвоз аз Душанбе ба Уфаву Қазон, барои мисол, ба 12-13 ҳазор сомонӣ ва ба Маскаву Санкт- Петербург  то ба 17 ҳазор сомонӣ хест. Ва ин ҳам фақат барои парвоз ба як тараф! Ин дар ҳолест, ки барои муқоиса, нархи парвоз аз Истанбул то Канада бо бозгашташ бо ҳисоби пули тоҷикӣ ҳамагӣ 7450 сомониро ташкил медиҳад. Яъне тақрибан 6 маротиба арзонтар аз нархи парвози як тоҷик то ба Русия.

Дар ҷаласа дар Агентии авиатсияи гражданӣ додситони нақлиёти тоҷикистон Саидмурод Қодирзода, муовини сардори раёсати нақлиёти ВКД Зоир Камолзода,  намояндагони КДАМ ва ширкатҳои ҳавопаймоии Русия: «Уралские авиалинии», UTair, «Сибирь» ва «Северный Ветер», ки ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистонро доранд, иштирок кардаанд.

Икром Субҳонзода дар суҳбаташ бо «Азия Плюс» гуфт, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар пайи афзоиши шумораи хоҳишмандони сафар аз Тоҷикистон ба Русия “нархи чиптаҳояшонро беҳад боло бурданд.”

 «Мардум барои харидани чипта бо чунин нархи баланд маҷбур аст, ки ҳатто аз бонк қарз бигирад ва ин вазъияти молиявии мардумро вазнинтар мекунад. Ин ҳамчунин боиси норозигии аҳолӣ аз нархҳои баланди парвозо шудааст,” – таъкид кардааст Субҳонзода.  

Муҳоҷирати корӣ дар Русия як манбаи умдаи таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Русия моҳи марти соли 2020 ба сабаби пандемияи коронавирус марзҳояшро баст ва садҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон соли гузашта натавонистанд ба он кишвар ба мардикорӣ бираванд. Ин боиси  800 миллион доллар ё 32 фоиз кам шудани ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2020 шуд ва  бад шудани сатҳи даромад ва вазъи иқтисодии аксари оилаҳои тоҷик шуд.

хххххххх

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи ҷиноятии Фотима Ҳафизова, сардори Кооперативии тиҷоратии «Акбархуҷа»-и ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон хабар дод. Фотима Ҳафизова бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ба қаллобӣ ва бар асоси моддаи 338, иловаи яки Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба фурӯши худсаронаи замин айбдор мешавад.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия, “Ҳафизова Фотима Маҳмадиевна дар вазифаи сардори Кооперативии тиҷоратии «Акбархуҷа»-и ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон кор карда истода, моҳи июни соли 2020 бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Қарақулова К.Б. барои аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Акобир»-и ноҳияи А.Ҷомӣ ҷудо карда додани 0,10 га. қитъаи замин, маблағи 4500 сомонӣ талаб карда гирифта, тасарруф намудааст.”

Ба раисаи ҳамакнун собиқ бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 365  то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ва бар асоси моддаи 338, иловаи 1 барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин бо сӯиистифода аз мансаб ҷарима ба андозаи аз 912  то 1460  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол таҳдид мекунад.

Тибқи қонуни асосии Тоҷикистон, замин дар ин кишвар моликияти истисноии давлат ба шумор меравад ва фурӯши он қатъиян манъ аст. Вале бо ин вуҷуд, фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани манзилҳои истиқоматӣ ваё барои фаъолиятҳои тиҷоратӣ яке аз арсаҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Тақрибан ҳар моҳ мақомоти ин кишвар дар бораи боздошти чандин мансабдор бо иттиҳоми заминфурӯшӣ хабар медиҳанд.

Баландпоятарин мансабдоре, ки бо чунин ҷурм маҳкум ба зиндон шуд, шаҳрдори собиқи Кӯлоб Баҳром Иноятзода буд, ки моҳи июни соли 2020 дастгир гардид ва моҳи ноябр ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

ххххххххх

Ва дар анҷоми барнома чанд хабари криминалии рӯз:

Як ҷавони 19-сола ва се ноболиғи 13, 17, 17-сола аз шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ бо “изи гарм” бо иттиҳоми одамкушӣ дастгир шуданд. ВКД гуфт, гумонбаршавандаҳо шоми 20 апрел, тахминан соати 18:30, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, як ноболиғи 17-сола ва ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навобод муноқиша кардаанд ва дар ҷараёни ин муноқиша яке аз ноболиғони гумонбаршаванда бо корд як маротиба ба қафаси синаи ҷавони 24-сола задааст.  Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба ин 4 дастгиршуда бар асоси қисми сеюми моддаи 110уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале се нафар аз муттаҳамон ҳангоми содир кардани ҷиноят ноболиғ буданд ва ноболиғонро тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҳадди аксар метавонанд ба 10 сол маҳкум кунанд. Ноболиғон дар муассисаҳои махсус барои ҷинояткорони хурдсол адои ҳукм мекунанд.

“Рустам” ном сокини 41-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки аз як зани сокини ноҳияи Сино  дар солҳои 2016 ва 2017 дар 4 навбат бо ваъдаи харида додани хона аз бинои навбунёд дар кӯчаи Карамов маблағи зиёд гирифта, ӯро фиреб додааст. Бино ба шикояти ин зан, “Рустам” бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, рӯзи 19-уми августи соли 2016 дар назди идораи нотариалии ноҳияи Сино аз ӯ 11 ҳазор доллари амрикоӣ, бори дувум худи ҳамон рӯз дар кӯчаи А.Ғуломов 15 ҳазору 700 сомонӣ, рӯзи 24-уми ноябри соли 2016 дар кӯчаи Меҳробод 19 ҳазор сомонӣ, 21-уми августи соли 2017 дар назди тарабхонаи «Гулдаста», воқеъ дар кӯчаи Н.Махсум 9 ҳазор сомонӣ ва рӯзи 23-юми августи соли 2018 дар кӯчаи А.Сино маблағи 12 ҳазору 600 сомонӣ, дар маҷмӯъ 11 ҳазор доллар ва 56 300 сомонӣ гирифтааст.

Сокини 30-солаи ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов бо ҷурми дуздӣ аз терминали “Душанбе Сити” дастгир шудааст. Ӯ рӯзи 11 апрел бо роҳи пинҳонӣ терминали худкори №00444-ро, ки дар назди мағозаи «Фаррух», дар ҷамоати Гулхона қарор дорад, зада шикаста, аз дохилаш Кешкод (асбоби маблағқабулкунӣ) ва Кешбокс (асбоби оҳанини маблағнигоҳдорӣ)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааааст. Зарари расонидашуда зиёда аз 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба зидди марди боздоштшуда бо иттиҳоми дуздӣ бар асоси моддаҳои 32-3 ва 244, қисми яки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button