ВидеоТоҷикистонҲодиса

ВИДЕО+6 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: БАРОИ РАФЪИ ОҚИБАТҲОИ ЗАМИНЛАРЗА ДАР ТОҶИКИСТОН КОМИССИЯИ МАХСУС ТАШКИЛ ШУД, САРВАЗИР БА КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ РАФТ

Бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шаб ва субҳи 23 марти соли 2023 Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.  Ин комиссия таҳти роҳбарии сарвазир Қоҳир Расулзода Комиссияи ҷумҳуриявӣ бояд ҳаҷми хисороти заминларзаро муайян кунад.

Дар бораи таъсиси комиссияи ҷумҳуриявӣ субҳи 23 март дар як нашри махсуси барномаи “Ахбор” телевизиони “Тоҷикистон” хабар дод.

Ба гуфтаи сокинон ва бино ба аксҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бар асари офатҳои табиӣ чандин манзили сокинон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд хароб шудааст. . Вале бино ба хабарҳои расида, хушбахтона, ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ надоштааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, дар се деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ асосан биноҳои ёрирасоне, чун оғилхонаву ошхонаҳо зарар дидаанд ва дар биноҳои истиқоматӣ осеби ҷиддӣ ба назар намерасад.

Телевизиони “Тоҷикистон” баъдан бо нашри аксҳо хабар дод, ки сарвазир Расулзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони масъул алакай ба хотири боздид аз маконҳои зарардида дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қарор доранд.

Шаб ва субҳи 23 марти соли 2023 Тоҷикистонро ду заминларзаи шадид такон дод.

Заминларзаи аввал шаби 23 март, соати 01:07 ба вақти Тоҷикистон ба амал омад. Зилзиланигорони тоҷик мегӯянд, маркази ҷунбиши қишри замин дар 132-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва дар 50-километрии шимолу ғарби Рашт ва дар 96-километрии шаҳри Хуҷанд дар деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  ҷойгир шуда, замин дар умқи 11-километр ларзидааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, қувваи заминларза дар маркази он 5-6 балл, минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил намуд. Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ шиддати ин заминларзаро 5,9 балл баровард кардаанд.

Субҳи 23 март, соати 07:53 ба вақти маҳаллӣ боз як заминларза ба амал омад, ки қувваи он 4,8 баллро ташкил дод. Маркази ҷунбиши қишри замин ин дафъа низ дар 6-7-километриидеҳаи  Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгир шуда буд.

Ҷунбидани заминро сокинон дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз Душанбе то Исфараю Хуҷанд ва ҳамчунин дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Ӯзбекистон ҳис кардаанд. Дар ноҳияи Рашт бошад, ба гуфтаи шоҳидон, заминларза дару тирезаҳои хонаҳои мардумро кушодааст.

Як рӯз қабл – шаби 21 март, соати 21:47 ба вақти Тоҷикистон як заминларзаи шадид кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Покистону Ҳиндро такон дод.  Иқтидори ин офат дар марказаш дар шимоли Афғонистон то 7 балл ва дар Душанбе 5 балл баровард шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки заминларзаи шаби 21 март дар ҷумҳурӣ, хушбахтона, ягон талафот ё харобӣ ба ҷо нагузоштааст. Вале мақомоти Покистон аз ҳалокати дастикм 9 нафар ва осеб дидани аз 44 то 150 нафар хабар доданд ва вазорати тандурустии Афғонистон шумораи кушташудагон дар заминҷунбии шаби 21 мартро дар ин кишвар 4 нафар ва шумораи захмиёнро ҳудуди 70 нафар баршумурд.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларза,  дар як ҳафтаи охир 8 заминларза, дар як моҳи охир 45 заминларза ва дар як соли охир 226 (!!!) заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардаанд.

Дар пайи заминларзаҳои пурқурбонию харобиовар дар Туркияву Сурия, ки дар аввали моҳи феврали соли 2023 боиси ҳалокати беш аз 50 ҳазор нафар ва фурӯ рехтани садҳо бино, аз ҷумла биноҳои навбунёд гардид, бисёриҳо то куҷо ба чунин заминларзаҳо сахт тобовар будани хонаҳои бисёрқабатаи солҳои ахир сохташуда дар шаҳрҳои Тоҷикистонро зери шубҳа қарор доданд. Бо дарназардошти сатҳи коррупсия дар кишвар  кам касе ба ин итминони мақомот, ки мегуфтанд, биноҳои Тоҷикистон ба заминларзаи иқтидораш то 9 балл тобоваранд, бовар кард. Бисёриҳо аз ҷумла биноҳои сохтаи раиси Хадамоти алоқа Бег Сабурро мисол меоварданд, ки бар хилофи оддитарин меъёрҳои шаҳрсозӣ  бо маҳсулоти пастсифат сохта шудаанд.

Дар пайи сарусадои зиёд дар ҷомиа Кумитаи сохтмон ва меъмории ҳукумати Тоҷикистон аз “комиссия оид ба омӯзиш, таҳлил, баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бино ва иншоотҳои ба истифода додашуда дар давраи солҳои 2018-2022 ва сохтмонашон идомадошта дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд” таъсис дод.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ рӯзи 15 феврали соли 2023 дар мавриди таъсиси гуруҳи корӣ “ҷиҳати омӯзиш, таҳлил ва баҳодиҳии эҳтимолияти рух додани заминларзаи шадид дар шаҳри Душанбе ва устувории воқеии иншоот ва биноҳои истиқоматии бисёрқабатаи ба истифода дода шуда ва сохтмонашон идомадоштаи пойтахт” амри вижае содир кардааст.

Ин комиссия бояд сифати сохтмонҳои аз соли 2018 ба ин тараф сохташуда ва сохтмонҳои нотамомро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар санҷида, то 10 март дар бораи натиҷаи кори худ маълумотнома пешниҳод мекард. Аксари ин биноҳое, ки дубора таҳти санҷиш қарор мегиранд, аз ҷумла бисёре аз биноҳои сохтаи Бег Сабур, дар вақташ имзоҳои комиссияҳои қабулро ба даст овардаанд ва дар бисёраш алакай мардум зиндагӣ доранд.

То ҳол дар бораи натиҷаи кори ин комиссия ҳисоботи расмие нашр нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button