ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТаърихЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ РАФИҚ НИШОНОВ, СОБИҚ РАҲБАРИ АВВАЛИ ӮЗБЕКИСТОНИ ЗАМОНИ ШӮРАВӢ

Собиқ раҳбари аввали Ӯзбекистони замони Шӯравӣ ва раиси собиқи Шӯрои миллатҳои СССР  Рафиқ Нишонов рӯзи 11 январи соли 2023, ҳамагӣ чор рӯз қабл аз зодрӯзи 97-умаш аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора журналисти ӯзбек Раҳимҷон Султонов, аз дӯстони наздики хонаводаи Нишоновҳост, хабар дод. Бино ба иттилои Раҳимҷон Султонов, Рафиқ Нишонов, ки аз соли 1989 дар Маскав зиндагӣ мекард, дар хориҷа вафот кардааст. Ӯ дар кадом кишвар даргузаштани Нишоновро нагуфт, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, раиси собиқи парлумони Иттиҳоди Шӯравиро ё дар Женева ба хок месупоранд ваё дар Ӯзбекистон.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, ки дар солҳои 70 зери роҳбарии Рафиқ Нишонов дар сафорати СССР дар Шри Ланка кор карда буд, аз ӯ ба некӣ ёдоварӣ кардааст.

“Рафиқ Нишоновичро ҳамчун рафиқи калонсол ва устоди хирадманде, ки ба ман ба майдони дипломатияи бузург роҳхат дод, қадрдонӣ мекардам. Дар нахустин сафари хидматии хориҷиам дар Коломбо ман зери раҳбарии ӯ кор мекардам”,— нақли қавл кардааст хадамоти матбуоти вазорати хориҷаи Русия аз суханони Лавров.

Рафиқ Нишонов 15 январи соли 1926 дар деҳаи Ғазалкенти  ноҳияи Бӯстондиқ дар Қазоқистон ба дунё омадааст. Аҷдоди ӯ аз Шаҳрисабз буданд. Бахусус дар даврони раҳбари аввадли Ӯзбекистон буданаш, овозаҳои зиёде буд, ки Рафиқ Нишонов дар асл тоҷик аст, вале маҷбур аст, ки инро пинҳон кунад. Аммо ягон далели ҳуҷҷатие дар ин робита ягонҷо чоп нашудааст.

Рафиқ Нишонов аз синни 17 дар сохторҳои комсомол ба кор сар карда, соли 1951, дар синни 25 ба кори партиявӣ гузашт. Ӯ ҳамзамон ба мактаби олӣ дохил шуд ва соли 1959 Донишкадаи шабонаи омӯзгории Тошкандро бо ихтисоси муаллими таърих хатм кард. Соли 1962, дар синни ҳамагӣ 36 Рафиқ Нишонов раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Тошканд, ба истилоҳи имрӯза шаҳрдори пойтахти Ӯзбекистон таъйин шуд ва соли 1963 алакай ба мақоми баланди котиби кумитаи марказӣ ва узви бюрои Ҳизби коммунисти Ӯзбекистон расид.

Соли 1979 Рафиқ Нишонов ба кори дипломатӣ гузашт ва то соли 1978 сафири СССР дар Шри Ланка ва Малдив ва сипас сафири Шӯравӣ дар Урдун буд. Лозим ба зикр аст, ки ҳангоми сафир дар Шри Ланка будани Нишонов, вазири кунунии умури хориҷии Русия Сергей Лавров  тоза баъди хатми донишгоҳ дар он сафорат ба ҳайси референти оддӣ кор мекард.

Соли 1985 Рафиқ Нишонов ба Ӯзбекистон баргашт ва як сол вазири корҳои хориҷии ин ҷумҳурӣ ва аз соли 1986 то 1988 дар мақоми раиси раёсати Шӯрои олӣ, парлумони вақти Ӯзбекистон кор кард. Соли 1988, вақте ки Иномҷон Усмонхоҷаев, котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Ӯзбекистон ва садҳо мансабдори дигари ӯзбекро бо ҷурми коррупсия ҳабс карданд, Рафиқ Нишонов котиби якум ва амалан раҳбари аввали Ӯзбекистон таъйин шуд.

Моҳи майи соли 1989, вақте ки Нишонов ҳанӯз роҳбари Ӯзбекистон буд, дар вилояти Фарғона байни ӯзбекҳо ва туркҳои месхетӣ муноқишаи хунине сар зад, ки бо 103 куштааш яке аз хунинтарин низоъҳои қавмӣ дар Шӯравӣ ба шумор мерафт. Нишонов он вақт гуфт, ки ин муноқиша гӯё барои “як лаълӣ клубника” сар задааст.

Ва аммо дар натиҷаи ин муноқиша 16 ҳазор турки месхетиро аз вилояти Фарғона кӯчонданд ва дар ин вилоят то поёни соли 1989 вазъи фавқулодда ва қуюди шабгардӣ ҷорӣ карданд.

Дар ҳамони моҳи майи соли 1989 дабири кулли ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв Нишоновро ҳамчун нафари ба худ содиқ ба Маскав бурд ва ба мақоми раиси Шӯрои миллатҳо, яке аз ду палатаи парлумони СССР нишонд. Нишонов ончунон ба Горбачёв содиқ буд, ки ӯро ҳатто “Рафики шахсии Горбачёв” (“Личный “Рафик” Горбачёва”) лақаб дода буданд. Нишонов ҳамин тавр, то охир талош кард, ки СССР ҳифз шавад, вале соли 1991 ин кишвар пош хӯрд. Нишонов баъди фурӯпошии СССР дигар ба Ӯзбекистон барнагашт ва дар Маскав монд. Ӯ моҳи ноябри соли 1991 ба нафақа баромад ва машғули навиштани китоби хотираҳояш шуд. Ёддоштҳои Рафиқ Нишонов соли 2012 бо номи “Деревья зеленеют до метелей” (“Дарахтон то мавсими бӯронҳо месабзанд”) нашр шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button