ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ҒОРАТГАРОНЕРО, КИ ДАР ПЕТЕРБУРГ 300 ҲАЗОР ДОЛЛАРИ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО БА ЯҒМО БУРДАНД, ДАР МИНСК ДАСТГИР КАРДААНД (ВИДЕО)

Вазорати корҳои дохилии Беларус аз боздошти ду шаҳрванди Русия хабар дод, ки ба ҳамла ба як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Санкт Петербург ва кашида гирифтани 300 ҳазор доллар пули нақди ӯ гумонбар мешаванд.

Евгений Пилетский, сардори яке аз шуъбаҳои сарраёсати мубориза бо ҷиноятҳои  муташаккилона ва коррупсияи ВКД Беларус гуфт, ин ду нафарро кормандони ГУБОП дар як меҳмонхона дар Минск дар ҳоле дастгир карданд, ки онҳо барои фирор ба хориҷ омодагӣ мегирифтанд.

Пилетский афзуд: “Аз онҳо як туфангча ва ҳам як қисми маблағҳои ғораткардаашон ёфта ва гирифта шуд. Дар бораи макони эҳтимолии будубоши онҳо ба мақомоти Беларус аз пулиси Петербург хабар доданд. Онҳо дар аввали моҳи декабр дар Петербург як ҷабрдидаро маҷбурӣ ба мошини худ савор карда, ба рӯяш газ пошидаанд ва пулҳояшро кашида гирифтаанд. Аз тариқи Беларус онҳо қасди фирор ба хориҷро доштанд”.

Тавре пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан хабар дод, шоми 2 декабри соли 2022 ба пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистон муроҷиат карда, хабар дод, ки ҳадафи ҳамлаи ғоратгарон қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ҷабрдида, шоми ҷумъа, 2 декабр, дар назди як бино дар кӯчаи Краснопутиловская дар ҳудуди ноҳияи Киров дар маркази шаҳри Петербург ду нафари ношинос ба ӯ ҳамла карда, ба рӯяш аз балонча газ пошидаанд ва халтаи пури пулро аз дасташ гирифта, дар як мошини рангаш хокистарранг аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.  Дар халтааш ин муҳоҷири тоҷик 300 ҳазор доллар пул доштааст.

Муҳоҷири тоҷик барои кумак ба табибон низ муроҷиат кардааст. Табибон ташхис кардаанд, ки ӯ аз ноҳияи ҳарду чашмаш захмҳои сӯхтании дараҷаи як бардоштааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми ғоратгарӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Пулис муайян кардааст, ки ҷинояткорон ба назди ҷабрдида дар назди бинои №50  дар кӯчаи Краснопутиловская ба пеши ҷабрдида омада, худро шиносҳои хешу табораш муаррифӣ кардаанд. Онҳо сипас бо баҳонаи суҳбат ин мардро ба як мошини тамғаи “Lada” савор карда, дар дохили мошин ба рӯяш газ пошидаанд ва сипас пулашро гирифта, худашро аз мошин берун партофтаанд ва фирор кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button