ВидеоМуҳоҷирон

РОҲЗАНҲО ДАР ПЕТЕРБУРГ 300 ҲАЗОР ДОЛЛАРИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО БА ЯҒМО БУРДААНД

Шоми 2 декабри соли 2022 ба пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистон муроҷиат карда, хабар дод, ки ҳадафи ҳамлаи ғоратгарон қарор гирифтааст. Дар ин бора рӯзи 3 декабр  нашрияи маҳаллииу 78.ru  бо истинод ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод.

Ба гуфтаи ҷабрдида, шоми ҷумъа, 2 декабр, дар назди як бино дар кӯчаи Краснопутиловская дар ҳудуди ноҳияи Киров дар маркази шаҳри Петербург ду нафари ношинос ба ӯ ҳамла карда, ба рӯяш аз балонча газ пошидаанд ва халтаи пури пулро аз дасташ гирифта, дар як мошини рангаш хокистарранг аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.  Дар халтааш ин муҳоҷири тоҷик 300 ҳазор доллар пул доштааст.

Муҳоҷири тоҷик барои кумак ба табибон низ муроҷиат кардааст. Табибон ташхис кардаанд, ки ӯ аз ноҳияи ҳарду чашмаш захмҳои сӯхтании дараҷаи як бардоштааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми ғоратгарӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Бино ба иттилои нашрияи дигари маҳалллии «Петроград»,  ғоратгарон низ ғолибан аз Тоҷистонанд. Нашрия менависад, пулис муайян кардааст, ки ҷинояткорон ба назди ҷабрдида дар назди бинои №50  дар кӯчаи Краснопутиловская ба пеши ҷабрдида омада, худро шиносҳои хешу табораш муаррифӣ кардаанд. Онҳо сипас бо баҳонаи суҳбат ин мардро ба як мошини тамғаи “Lada” савор карда, дар дохили мошин ба рӯяш газ пошидаанд ва сипас пулашро гирифта, худашро аз мошин берун партофтаанд ва фирор кардаанд.

Ду рӯз қабл хабар омада буд, ки чор шаҳрванди Тоҷикистон дар Петербург як тоҷики дигарро гаравгон гирифта, ба мошини худ бор кардаанд ва аз шаҳр берун, ба вилояти Ленинград бурда, дар онҷо пулу телефонашро кашида гирифтаанд ва бо таҳдиди дар борааш паҳн кардани маълумоти бадномкунанда аз ин муҳоҷири тоҷик 6 миллион рубл талаб кардаанд. Вале ба ҷабрдида муяссар шудааст, ки аз дасти гаравгонгирҳо фирор карда, ба пулис хабар диҳад. Додгоҳи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Петербург ахир чор нафари дастгиршуда дар ин парвандаи роҳзанӣ ва одамрабоӣ– Довудҷон Гулзода, Суннатулло Шаҳобиддинов ва бародарон Беҳрӯзҷон ва Диловар Қодирзодаҳоро то 29 январи соли 2023  ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Додгоҳи ноҳияи Красногвардейскийи шаҳри Петербург бошад ду зодаи ҷумҳурии Доғистон Динислом Мазиков ва Руслан Айтукаевро то 28 январи соли 2023 низ бо иттиҳоми роҳзанӣ ба ҳабс гирифтааст. Лаҳзаи ғорати 5 миллион рубл аз ҷониби ин ду нафар ба дурбини видеокамераҳои назоратӣ афтодааст.

Бино ба иттилои додгоҳ, рӯзи 29 ноябр онҳо дар назди бинои №10 дар хиёбони Среднеохтинский ба як марди зодаи вилояти Ростов, ки 5 миллион рублро барои иваз кардан ба доллар бо худ мебурд, ҳамла оварда, ӯро латтукӯб кардаанд ва бо як ашёи монанд ба корд таҳдид кардаанд, ки пулҳояшро ба хубӣ бароварда бидиҳад.

“Вале ҷабрдида халтаи пулро аз дасташ сар надода, аз иҷрои ин талаб даст кашидааст ва ҷинояткорон ноком монда, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд” — гуфта мешавад дар хабари хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои Петербург.

Мазиков ва Айтукаевро рӯзи 30 ноябр дар Колпино дастгир карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button