ТоҷикистонҶомеа

ВАҚТЕ ОИЛА ҲАМ МЕШИКАНАДУ ОИНА ҲАМ… ҶАНҶОЛИ ДОМОДИ СОБИҚ БО ХЕШУ ТАБОРИ ҲАМСАРИ СОБИҚАШ (ВИДЕО)

Комилов Исломиддин, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ирсоли як видео ба канали Парвиз ТВ шикоят кардааст, ки хешу табори ҳамсари собиқаш, иборат аз 6 нафар ба хонааш зада даромада, ӯро латтукӯб карда, телевизори оина ва дигар чизу чораашро зада шикастаанд ва миқдоре аз чизу чораашро бо худ бурдаанд.

Комилов мегӯяд, ки онҳо ҳанӯз бо қарори додгоҳ қонунан ҷудо нашудаанд. Ӯ мепурсад, ки оё хешу табори ҳамсари собиқаш ҳақ доштанд, ки қабл аз қарори додгоҳ, худсарона ба хонаи ӯ зада даромада, ҳама ҷойро валангор кунанд?

Мутаассифона, мавридҳои бо чунин ҷанҷолу хусумат ба поён расидани зиндагии оилавии ҷуфтҳои ҷавон дар Тоҷикистон хеле зиёд аст. Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор оила, аксаран оилаҳои ҷавон, аз ҳам ҷудо мешаванд.

Парвиз Парвиз Parviz TV

#Менависанд Салом. Мо бо хамсарам барои бекор карадани акди никох ба суд ариза навиштаем ва холо Суд ягон карор набаровардааст. Вале хешовандони хамсарам иборат такрибан аз 6 нафар ба хонаи Ман зада даромада маро латукуб ва хамаи чизу чораи хонаро бе карори Суд бо худ бурданд ва хамчунин маро латукуб карда Телевизор ва дигар тачхизоти хонаро зада шикастанд. Ое онхо хукук доштанд пеш аз карори Суд худсарона ба хонаи ман омада хамачойро валангор кунанд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button