Идораи Росселхознадзори вилояти Свердловски Русия хабар дод, ки рӯзи 21 декабр кормандонаш ҳамроҳ бо кормандони гумруки фурудгоҳи “Колтсово”и шаҳри Екатеринбург ҳангоми тафтиши бағочи мусофироне, ки аз Тоҷикистон меомаданд, аз як кӯшиши ба қаламрави Русия ворид кардани маҳсулоти мамнӯъ ҷилавгирӣ кардаанд.
“Яке аз мусофирон дар бағочи дастиаш мехост тавассути фурудгоҳи “Колтсово” 2 килою 150 грамм гӯшти дар хона пухташударо ба марзи Русия ворид кунад. Ба қаламрави Иттиҳоди гумрукӣ даровардани чунин маҳсулот аз моҳи июни соли 2010 манъ карда шудааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Росселхознадзори вилояти Свердловск.
Ин ниҳод мегӯяд, ду кило гӯшти қайлаи мусофири тоҷикро “бо мақсади пешгирӣ аз паҳн шудани бемориҳои сироятии хоси ҳам ҳайвонот ва ҳам инсонҳо ба қаламрави Русия” мусодира ва нобуд кардаанд. Мусофири тоҷик бошад бар иловаи аз даст додани ҳадяи аз хона овардааш ҳамчунин бар асоси моддаи 10ю8 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда шуда, ҷарима баста шудааст.
Мақомоти Русия чанд сол боз воридоти маҳсулоти ғизоӣ аз кишварҳои дигар, аз ҷумла аз кишварҳои муҳоҷирфиристи Осиёи Марказиро манъ кардаанд. Русия аз 1 апрел ба парвози муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон иҷозат дод ва аз он ба баъд пайваста дар бораи мусодираи маҳсулоте, чун ширу ҷурғоту қурут, асалу чормағзу мавиз, нос ва ҳатто гашничу зира аз муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, хабар медиҳанд.