Хабарҳои кӯтоҳ

САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР МАСТЧОҲ ВА ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ-ТУРСУНЗОДА

Рӯзи 25 ноябр, соати 14:30, бар асари бархӯрди “Опел-Астра” бо “Лада-Приора” дар роҳи Бӯстон – Палдорак дар ноҳияи Мастчоҳ як зани 61-солаи мусофири “Лада” ҷон бохта, хоҳари 52-солаи ӯ ҷароҳат бардоштааст.

Рӯзи 26 ноябр, соати 10:30 як сокини 59-солаи ноҳияи Шаҳринав дар шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода дар рости деҳаи Шарифобод зери чархи КАМАЗ монда, ба ҳалокат расидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 27 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагард ва мусофир дар ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ

Рӯзи 26-уми ноябри соли 2020, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ-ХОВА”, Бобоев Навруз Бобоевич,соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Ҳисор, дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Шарифободи ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ба қафо ҳаракат намудан аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, бо қисми қафои чархи автомашина, пиёдагард Пиров Нарзиқул Остонқулович, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Шаҳринавро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Пиров Н.О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 25-уми ноябри соли 2020, тахминан соатҳои 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Бадиев Парвин Мирзонаҷибович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар километри 1-уми роҳи Бӯстон-Палдораки ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Лада-Приора», таҳти идораи ронанда Охунов Исломҷон Муҳиддинович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи «Лада-Приора», Умарова Маҳбибӣ Сайфиддиновна, соли таваллудаш 1959 ва Умарова Насиба Сайфиддиновна, соли таваллудаш 1968, сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд ва Умарова М.С. дар беморхона аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дастгир гардидани ду нафар бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён аризаи марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур, роҳбари ҶСП “Санги-Вахш” ворид гардид, ки санаи 23 ба 24-уми ноябри соли 2020, тахминан соатҳои 01:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба анборхонаи ҶСП “Санги-Вахш”, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Бохтариён даромада, аз онҷо 1-адад қисми эҳтиётии таҷҳизоти сангмайдакуниро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 33 000 сомониро ташкил медиҳад. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Хуросон ва марди 23-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button