ВидеоМуҳоҷиронНуқтаи назарРӯйдодҳои Бадахшон

ГЕНЕРАЛ САЛАМШОҲРО БА РУСҲО КӢ ФУРӮХТ? МЕГӮЯНД, ЯК ТОҶИКИ ХУДАМОН…

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳафтаи гузашта хабар дода буд, ки рӯзи 21 октябр генерал Саламшоҳ Муҳаббатов, паҳлавони маъруф ва фармондеҳи собиқи мухолифинро дар фурудгоҳи Маскав иҷозати вуруд ба қаламрави Русия надоданд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, генерал Саламшоҳ ба далели то ҳол норӯшане то соли 2025 ҳаққи вуруд ба марзи Русияро надоштааст ва ӯ ба далели ин  “запрет” аз фурудгоҳ берун пой монда натавонист ва маҷбур ба Душанбе баргашт.

Каримҷон Ёров, як ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав дар Фейсбукаш навишт, ки Саламшоҳ Муҳаббатовро ба эҳтимоли зиёд бар асоси “маълумот”и ба пулиси Маскав додаи олими тоҷики муқими Русия Ҳоким Муҳаббатов “запрет” задаанд. Каримҷон Ёров  санадеро иборат аз 8 саҳифа чоп кард, ки “Справка для руководства Московского уголовного розыска” (Маълумотнома барои роҳбарони Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятии Маскав”) ном дошта, дар поёнаш гуфта мешавад, ки ин “справка” ё “маълумотнома” аз ҷониби роҳбари РОО “Ватан” Мухаббатов Х.М. таҳия шудааст. Дар санад имзо ё муҳре нест, вале  РОО “Ватан”, созмони ҷамъиятиест, ки Ҳоким Муҳаббатов ташкил ва роҳбарӣ мекард.

Дар ин санад ба номи роҳбарони пулиси Маскав муаллиф як ба як гуруҳҳои ҷиноятии дар Маскав ва атрофи он ва дигар минтақаҳои Русия ташкилдодаи тоҷикон, ё ба истилоҳ “мафияи тоҷикӣ” маълумот медиҳад ва Саламшоҳ Муҳаббатовро ба он гунаҳкор мекунад, ки тавассути бародараш Темур “мафияи ванҷиҳо”ро дар Русия идора ва роҳнамоӣ мекунад.

Каримҷон Ёров ёдовар шудааст, ки ин дар ҳолест, ки як вақт Саламшоҳ Ҳоким Муҳаббатовро ба раҳбарии ҷамъияти ванҷиҳои вилояти Твер ва атрофи он пешбарӣ карда буд.  Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки роҳбарони қаблии сафорати Тоҷикистон дар Русия бошад бо тамоми ҷиддият рӯи Ҳоким Муҳаббатов ва Хуршеда Ҳамроқулова ба ҳайси ду номзади асосӣ ба роҳбарии ҷамъиятҳои тоҷикони саросари Русия ҳисоб мекарданд.

Ҳоким Муҳаббатов дар ниҳоят ба мақоми раҳбари ҷамъияти ванҷиҳои вилояти Твер расида натавонист ва маълумотномае аз номаш ба дастгоҳи президент нашр шуд, ки дар он  ӯ ванҷиҳои муқими Твер ва атрофи онро ба гароиши зиёд ба ақидаҳои мазҳабӣ айбдор мекард ва аз ҷумла онҳоро гунаҳкор мекард, ки дар тӯю маъракаҳояшон машрубот истеъмол намекунанд.

Ҳамин тавр, чанд сол пеш Каромат Шарипов, як ҳомии маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, ки аз Русия депортатсия шуд, Ҳоким Муҳаббатовро ба даст доштан дар ихроҷаш айбдор карда, дар ҷавоб сабтҳоеро нашр кард, ки чӣ гуна Муҳаббатов барои сабти номҳои қалбакӣ дар меҳмонхонаи Тоҷикистон дар Маскав аз муҳоҷирон пул меситонад, вале дар ниҳоят маълум мешавад, ки ин сабти номҳо ҳама қалбакианд ва барои пулиси Русия қурбе надоранд.

Худи Ҳоким Муҳаббатов то кунун пиромуни ин ҳама моҷароҳо дар атрофи номаш, аз ҷумла дар ин бора ки оё маълумотнома дар бораи “мафияи ванҷиҳо”ро барои пулиси Маскав ӯ навиштааст ё на?, шарҳе надодааст.

Ҳоким Муҳаббатов 27 марти соли 1962 дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, соли 1984 риштаи автоматика ва техникаи ҳисоббарории Донишкадаи кимиёи нафти Маскавро хатм кардааст. Ӯ соли 1989 дар Маскав созмони “Суғдиён” а соли 1997 ҳизберо бо номи Ҷунбиши миллии  Тоҷикистон  ташкил дода буд, вале дар ҷодаи муборизаҳои сиёсӣ зиёд муваффақ нашуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button