ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР СУҒД СЕ НАВРАС ҒАРҚ ШУДАНД: ЯКЕ – ДАР САДАМА, ДУИ ДИГАР – ҲАНГОМИ ОББОЗӢ (3 АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 9 майи соли 2024 дар вилояти Суғд ҷасадҳои се навраси синнашон 11, 13 ва 14-ро аз об берун кашиданд. Якеи онҳо бар асари садама ва дуи дигар ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд. Наҷотбахшон рӯзи 9 май танҳо як пирамарди масти 76-соларо, ки дар байни дарёи Қаротоғ дармонда буд, зинда аз об берун овардаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 9 майи соли 2024 ғаввосон аз шуъбаи ин ниҳод дар водии Зарафшон баъди анҷоми корҳои ғаввосӣ ҷасади як кӯдаки 11-сола аз деҳаи Шавадки Болои ҷамоати Дар-Дари ноҳияи Айниро аз об берун кашиданд. Ин кӯдак рӯзи 8 май қурбони садамае шуда буд, ки дар километри 118-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд рух дод. Як мошини тамғаи “Опел Зафира”, ки аз Душанбе ба тарафи Хуҷанд мерафт, бар асари аз уҳдаи идораи он набаромадани ронанда, аввал ба бораи кӯҳ бархӯрда, сипас ба дарёи Зарафшон сарозер шуд. Ҷасади кӯдакро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Боз ҳам рӯзи 9 майи соли 2024, соати 12:40 ҳангоми оббозӣ дар “Баҳри Тоҷик” як сокини 15-солаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд ғарқ шуд. Наҷотбахшон баъди 40 дақиқа, соати 13:20 ҷасади ин наврасро аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Боз ҳам рӯзи 9 май як навраси 14-сола аз ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми оббозӣ дар Сирдарё ғарқ шуд. Ғаввосон ҷасади ӯро 500 метр пойинтар аз ҷои ғарқ шуданаш пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Рӯзи 9 май танҳо дар як ҳолат ба наҷотбахшон муяссар шуд, ки як пирамарди мастро аз байни дарёи Қаротоғ зинда наҷот диҳанд. Соати 14:10 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зада, хабар додаанд, ки як одам дар ҷазирачаи байни дарёи Қаротоғ дармондааст.  Наҷотбахшони кумита ҳамроҳ бо кормандони шуъбаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода ба ҷои ҳодиса рафта, муайян кардаанд, ки як пирамарди 76-солаи сокини деҳаи Қаратоғ дар ҳолати мастӣ ба об афтодааст ва маҷрои сахти об ӯро то ба ҷазирачае, ки дар мобайни дарё ҷойгир шудааст, бурдааст.

Ҳарорати об дар лаҳзаи оғози амалиёт 14-16 дараҷа гарм будааст. Наҷотбахшон бо кумаки арғамчинҳои наҷот худро то ҷазирача расонда, бадани мӯсафедро гирдогирд бо банд дастанд ва ӯро аз байни дарёи пуртуғён  беосеб то ба соҳил расонданд. Ин пирамард  баъди наҷоташ гуфтааст, ки ба ёрии тиббӣ эҳтиёҷ надорад.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи соли 2023 дар обҳои Тоҷикистон 181 нафар, аз ҷумла 75 кӯдаку навраси то синни 16 ва 36 зану духтар ғарқ шуданд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80  кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button