ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР МАРКАЗИ САВДОИ “СОДОТ” ДАР МАҲАЛЛАИ 46-УМИ ДУШАНБЕ
Рӯзи 20 майи соли 2024 маркази савдои “Содот” дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе ба коми оташ рафт. Дар видеое, ки шоҳиди ҳодиса сабт кардааст, дида мешавад, ки оташ қабати болоӣ ва боми биноро фаро гирифтааст ва аз боми бинои маркази савдои “Содот” ба осмон дуди ғафсу алангаи оташ баланд шуда истодааст. Ба гуфтаи шоҳидон, барои фурӯ нишондани сӯхтор чанд мошини сӯхторнишонӣ ба ҷои ҳодиса омадааст.
Мақомот то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодаанд ва сабаби сӯхтор ва ҳаҷми зарари расондааш норавшан боқӣ мемонад.
Дар маркази савдои “Содот” чандин мағозаву дорухона, шуъбаи бонк, қабулгоҳи табиби дандон (стоматолог), нуқтаҳои хидматрасонӣ ва ҳамчунин меҳмонхона ҷойгир шудааст.
Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон бозорҳо ва марказҳои савдо дучори сӯхтор мешаванд. Мақомот дар аксари кулли маворид расиши кӯтоҳи ноқилҳоро сабаби ин офатҳо меноманд, вале бозорнишинҳо гоҳо дар бораи эҳтимоли қасдан оташ задани дӯконҳояшон ҳарф мезананд.
Соли 2023 дар Тоҷикистон 1236 сӯхтор рух дода, ин офатҳо боиси ҳалокати 23 нафар шудаанд. Ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор дар соли гузашта қариб 48 миллион, ё тақрибан 4,4 миллион долларро ташкил додааст. Соли 2022 дар Тоҷикистон дар 1234 сӯхтор 18 нафар ҷон бохта буданд.