ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН БАЪДИ 20 МОҲИ ОРОМӢ. МУАЛЛИМИ ТАЪРИХ АЗ НОҲИЯИ РАСУЛОВ ТИР ХӮРД

Рӯзи 7 майи соли 2024 бар асари тирандозии марзбонони қирғиз сокини 34-солаи ноҳияи Ҷаббор Расуллов, муаллифи фанни таърихи мактаби №4 Олимҷон Абдуллоев тир хӯрдааст.

Тирпарронӣ нимаи аввали рӯзи 7 май, байни соатҳои 11:00 -11:20 ба вақти Душанбе дар марзи байни ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки ноҳияи Бодканди Қирғизистон рух додааст. Фарзияи тарафҳо дар бораи ин ҳодиса аз ҳам ҷиддан фарқ мекунад.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “7 майи соли 2024, соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Олимҷон Ҳусейнович, соли таваллудаш 1990, миллаташ ӯзбек, муаллими фани таърихи мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба қазия ва сарнавишти писари ноболиғаш, хонандаи мактаби миёнаи номбурда Абдуллоев Рамзан, ки дар хатти сарҳади давлатӣ боздошт шуда буд, ният дошт, то ба низомиёни қирғиз, ки дар деҳаи Сулюкта (Сулукту) мустақар буданд, муроҷиат кунад”.

Маркази матбуоти қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон меафзояд: “Ягон амал ё кирдоре, ки ба принсипҳои ҳамсоягии нек мухолиф аст, вобаста ба мақоми иҷтимоии худ (муаллими таърих) Абдуллоев О.Х. нишон надодааст, вале  ба муқобили ӯ яроқи оташфишон истифода шудааст, ки дар натиҷаи он вай ярадор гардидааст”.

Олимҷон Абдуллоевро дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ  кардаанд ва мақомоти дахлдори ду давлат ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон хабари тирпарронӣ дар марзро тасдиқ кард, вале чӣ гуна рух додани ҳодисаро ба гунаи дигар нақл кард. Бино ба фарзияи марзбонони қирғиз, “тақрибан соати 12:20 ба вақти Бишкук (11:20 ба вақти Душанбе) дар наздикии деҳаи-Босого (собиқ Мирзо-Почо)-и ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд марзбонони Қирғизистон чӯпонҳои шаҳрванди Тоҷикистонро диданд, ки чорвои худро 250-300 метр дуртар аз хатти марз дар дохили қаламрави Қирғизистон чаронда истодаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон талаби марзбонҳо дар мавриди тарки қаламрави Қирғизистонро иҷро накарда, ба болои ин, ба тарафи марзбонон санг партофтанд. Яке аз чӯпонҳо ба тарафи марзбонҳои Қирғизистон 2-3 тир ҳам холӣ кард. Бо мақсади пешгирӣ аз ташдиди вазъ марзбонони Қирғизистон ба тарафи ҳаво чанд тири огоҳкунанда заданд ва баъди ин чӯпонҳо ба тарафи қаламрави Тоҷикистон фирор карданд. Аз марзбонони Қирғизистон касе осеб надидааст”. Марзбонони қирғиз дар иттилоияи худ меафзоянд, ки “бино ба маълумоти тасдиқношуда, як шаҳрванди Тоҷикистон аз пояш тир хӯрдааст. Вале дар кадом шароит, кай ва чӣ гуна тир хӯрдани ӯ рушан нест, чунки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон танҳо акси ӯро пешкаш кардаанд”.

Ҳарду тараф таъкид мекунанд, ки дар ҳоли ҳозир, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором буда, вазъият дар марз таҳти назорат қарор дорад.

Хабарҳо дар бораи тирпарронии нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолест, ки дар ин марз аз тирамоҳи соли 2022 ба ин тараф оромии нисбӣ ҳукмфармо буд ва тарафҳо ҳатто бо анҷоми музокироти масоили марзӣ ба имзои созишномаи ниҳоӣ тайёрӣ медиданд. То имрӯз аз 987,6 километри марзи Тоҷикистону Қирғизистон 929 километраш муайян карда шуда, ҳамагӣ 58 километри дигари ин марз муайянношуда боқӣ мондааст. Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ як сол қабл танҳо чизе бештар аз 600 километри марзи ин ду кишвар муайян шуда буд.

Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медоданд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечид ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешуд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд. Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин даргирӣдар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 марзашро бо Тоҷикистон пурра баста аст. Дар аввал “мубориза бо коронавирус” ҳамчун баҳонаи расмии бастани марз гуфта мешуд, вале баъде ки хатари коронавирус аз байн рафту вале марз ҳамунон баста боқӣ монд, роҳбарони Қирғизистон чандин бор гуфтанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди пурра ҳал шудани мушкилоти марзӣ бо ин кишвар кушода хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button