ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ОҒОЗИ ТАФТИШИ САХТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФУРУДГОҲҲОИ ҚАЗОҚИСТОН

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 7 майи соли 2024 бо нашри як хабари вижа шаҳрвандонро аз тақвияти чораҳои амниятӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Қазоқистон ва шурӯи тафтиши мӯшикофонаи шаҳрвандони Тоҷикистон  хабардор кард.

Дар ин иттилоия чунин гуфта мешавад: “Дар робита ба татбиқшавии чораҳои пурзӯри амниятӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Қазоқистон, вазорати корҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар ба Қазоқистон ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд. Ҳангоми пурсишу тафтишҳои кормандони мақомоти сарҳадӣ ва гумрукии Қазоқистон зимни воридшавӣ ба он кишвар, шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки ба саволҳои марбут ба мақсади сафар, замони бозистодан (будубош) ҷои истиқомат, робитаҳои хешовандӣ ва дӯстӣ доштан бо сокинони Қазоқистон мушаххас ҷавоб дода, дар сурати лозим будан, суроғаи истиқоматӣ ва рақамҳои телефони онҳоро барои тамос пешниҳод намоянд”.

Ҳамчунин дар сурати дучор гардидан бо мушкилиҳо, ба шаҳрвандони Тоҷикистон машварат додаанд, ки ба

сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон (тел: +77761760043 – WhatsApp, tajembastana@mfa.tj) ё

консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмато (тел: +77775883115 – WhatsApp, tajconsalmaty@mfa.tj) муроҷиат кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкории зич ва созанда идома меёбад.

Баъди онки мақомоти Русия барои афроди соҳиби душаҳрвандӣ дар сафарҳои хориҷиашон истифода бурдани сирф шиносномаи русиро ҳатмӣ гардонданд, бисёре аз он зодагони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии ҳам Русияву ҳам Тоҷикистонро доранд, барои сафарҳои худ аз Русия ба Тоҷикистон ва баракс аз фурудгоҳҳои Қазоқистон ҳамчун нуқтаи транзитӣ истифода мебаранд, чунки Қазоқистон узви ЕАЭС буда, шаҳрвандони Русия барои сафар аз Русия ба онҷо ва аз онҷо ба Русия ниёз ба истифодаи шиносномаи хориҷӣ надоранд.

Аммо сабаби дигар ва ҷиддитари шадидтар шудани тафтиши шаҳрвандони Тоҷикистон метавонад ҳамлаи хунини террористии рӯзи 22 марти соли 2024 дар канори Маскав ҳам бошад, ки 145 кушта ба ҷо гузошт ва аксари муттаҳамонаш, аз ҷумлаи ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, аз Тоҷикистонанд.

Баъди ин ҳамлаи террористӣ Туркия аз 20 апрел барои шаҳрвандони Тоҷикистон виза ҷорӣ кард, дарёфти визаи кишварҳои зиёде, аз ҷумла визаи кишварҳои Аврупо, барои шаҳрвандони Тоҷикистон хеле мушкилтар шудааст. Ҳамин тавр, аз 22 апрел дар марзҳои Русия тафтиши мӯшикофонаи шаҳрвандони тоҷики синнашон аз 15 то 59 оғоз ёфт, ки боиси барои чанд шабонарӯз дар хатти марз дармондани ҳазорон муҳоҷири тоҷик ва ба Тоҷикистон ихроҷ кардани садҳо нафари онҳо  шуд. Ба ҳисоби вазорати хориҷаи Тоҷикистон, танҳо дар 4 рӯзи охири моҳи апрел аз тақрибани 3100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз тариқи фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав мехостанд вориди Русия шаванд, 770 нафар, ё ҳар нафари чорумашро ба Русия роҳ надода, бо судури ҳукми ихроҷашон ба Тоҷикистон бозпас фиристодаанд.

Чунин муносибат нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон сабаби таниши бесобиқае дар равобити дипломатии байни Душанбеву Маскав шуд: Рӯзи 27 апрел вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба шаҳрвандони ин кишвар машварат дод, ки аз сафар ба Русия бо “ҳама гуна намуди нақлиёт” муваққатан худдорӣ кунанд. Худи ҳамон рӯз сафири Русия дар Душанбе Семён Григоревро ба вазорат даъват карда, аз ӯ шарҳи вазъияти ба сари шаҳрвандони тоҷик пешомадаро тақозо карданд. Рӯзи 29 апрел сафири Русияро дубора ба вазорат хонда, ин дафъа ба дасташ нотаи эътирозӣ супурданд.

Дар ҷавоб рӯзи 30 апрел вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин занг зада, фаҳмонданӣ шуд, тафтиши мӯшикофонаи муҳоҷирон муваққатӣ буда , барои ҷилавгирӣ аз амалҳои террористӣ ба роҳ андохта шудааст ва зидди ягон дин ё миллат нигаронида нашудааст. Аммо Сироҷиддин Муҳриддин ин иддаои Лавровро рад карда, гуфтааст, ки “ин бо вазъи воқеӣ мувофиқ нест ва амалҳои манфӣ танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд”.

Ба болои ин, вазорати хориҷаи Тоҷикистон пас аз суҳбат бо Лавров дигарбора  аз шаҳрвандони худ хост, ки аз сафарҳои бидуни зарурат ба Русия худдорӣ кунанд.

Вазъи тоҷик дар Русия рӯзи 3 май дар гуфтугӯи телефонии сарони ду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Путин дар ин гуфтугӯ бидуни ном бурдан аз нирӯи мушаххасе вазъи пешомадаро “кӯшиши нерӯҳои муайян” барои эҷоди рахна дар байни Русияву Тоҷикистон номида, гуфтааст: “Талошҳои ахири нерӯҳои муайян барои ба таври сунъӣ шиддат додани вазъ дар атрофи муҳоҷирони корӣ, ки ба Русия аз хориҷ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ворид мешаванд, якҷоя пешгирӣ карда мешавад ва онҳо наметавонанд муносибатҳои бародаронаи бо гузашти аём санҷидашудаи мардумони ду давлатро халалдор намоянд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button