ВидеоДин ва боварҳоНомаҳо ба президентТоҷикистон

НОМА БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ҲАМЧУН ПАЙРАВИ ИМОМИ АЪЗАМ, ҚОНУНИ МАНЪИ ҲИҶОБРО БАРҲАМ ДИҲЕД!

Бахтовар Ҷумъаев, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, рӯзи 20 майи соли 2024 дар як номаи саркушода ба президенти Тоҷикистон аз Эмомалӣ  Раҳмон хостааст, ки ҳамчун парйрави мазҳаби Имоми Аъзам, қонуни манъи ҳиҷобро аз байн барад.

Бахтовар Ҷумъаев ин қонунро, ки Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 8 майи соли 2024 бо пешниҳоди Кумитаи дин ҳамчун иловаҳо ба қонуни танзими ҷашну маросим қабул кард, “зидди мазҳаби ниёгони мо” номида, аз президент хостааст, то ба мавзӯи ҳассос дахолат карда, “барҳамдиҳии ин қонунро ба зери контроли худ бигиред”.

Ҳомии ҳуқуқ изҳори итминон кардааст, ки аксари мардуми Тоҷикистон зидди ин қонунанд ва умедворанд, ки бо дахолати президент “ин қонун аз байн ба зудӣ меравад”.

Президенти Тоҷикистон тибқи салоҳиятҳояш ҳақ дорад, ки ба қонунҳои аз сӯи парлумон қабулшуда вето гузорад ваё онҳоро имзо накунад. Бидуни имзои президент ягон қонуни аз сӯи парлумон қабулшуда қувваи қонун намегирад.

Матни пурраи номаи Бахтовар Ҷумъаев ба президент Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 20 май дар гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” нашр шуд, чунин аст:

“Мӯҳтарам раисиҷумҳур, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон!

Қонун бар зидди рӯймоли сари занон, ки авраташонро мепӯшонад, аз тарафи ҳукумат пешбарӣ  шуд ва ба қувваи амал даромад, миллионҳо мардуми Тоҷикистонро ба ташвиш даровардааст. Шукри онро дорем, ки давлати ҳуқуқбунёд дорем ва Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иҷоза медиҳад, сару либоси динӣ ё ниёгонӣ ба бар бикунем. Мо, мардуми тоҷику тоҷикистонӣ, ки аксарият мусалмон ҳастем, намегузорем хоре ба пои миллату давлати мо бихалад ва ба ҳаргуна бахилҳову бадбинҳо ҷавоби мувофиқ медиҳем.

Аксари мо, пайравони мазҳаби Абӯ-Ҳанифа (Худо аз ӯ розӣ бошад) ҳастем, ки ҷаҳон мисли як тоҷики тоҷдор мешиносад, пос медорад ва пайравӣ мекунад. Мактабе, ки садҳо миллион пайрав дорад ва хеле побарҷост. Мо, ҳамчун пайравони ин мактаб, самимона аз Шумо хоҳиш менамоем, барҳамдиҳии ин қонунро ба зери контроли худ бигиред, то қонуне, ки зидди мазҳаби ниёгони мост, аз нав дида бароянд ва аз байн бибаранд. Бовари комил дорам, ки зиёда аз 80 фисади мардуми Тоҷикистон, зидди ин қонуни қабулкарда ҳастанд ва умед бар он мекунанд, ки ин қонун аз байн ба зудӣ меравад.

Бо эҳтиром ва умед – Бахтовар!

Маҷлиси намояндагон рӯзи 8 майи соли 2024 ба қонуни танзиму ҷашну маросим чанд тағйиру илова ворид кард, ки бар асоси онҳо, дар ҷумҳурӣ аз ҷумла тамоми маъракаҳои марбут ба сафари Ҳаҷ ва Умра дар доираи оила маҳдуд карда шуда, идгардаки кӯдакон, истифодаи беш аз 4 мошин барои гусели арӯс ба хонаи домод ва воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои “ба фарҳанги миллӣ бегона”, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо дар Тоҷикистон манъ карда мешавад. Зери мафҳуми “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” мақомоти Тоҷикистон дар асл ҳиҷоб ва дигар либоси динии занонаро дар назар доранд.

Аммо ин тағйирот ба қонуни танзими расму ойин ҳанӯз аз тарафи президент имзову дар расонаҳои расмӣ нашр нашудааст ва ба ин далел, манъи ҳиҷоб ҳанӯз қувваи қонун нагирифтааст.

Бо ин вуҷуд, аз Тоҷикистон хабарҳои зиёде дар бораи оғози рейдҳо ба зидди занони ҳиҷобпӯш ба даст мерасанд. Рӯзи 20 май Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати Тоҷикистон бо нашри чанд акс аз ҷараёни рейди муштараки шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳрдории Истаравшан дар марказҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳр “бобати пешгирии бегонапарастӣ”  шурӯи чунин рейдҳоро  ҳанӯз то қувваи қонунӣ гирифтани манъи ҳиҷоб расман тасдиқ кард. Лозим ба зикр аст, ки Кумитаи занон  дар гузашта якҷо бо мақомоти интизомӣ дар кӯчаҳо чунин рейдҳо ба зидди занону духтарони ҳиҷобпӯш зиёд доир мекард, вале баъдан, бино ба иттилои дарёфтӣ, Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи президент амр дод, ки ин рейдҳро бас карда, “ба асаби мардум нарасанд”.

Корбарон менависанд, “акнун барои кумитаи кор бо занон боз “майдони кор” ёфт шуд”.

Аз ин қабл, рӯзи 16 майи соли 2024 дар Интернет сабти видеоии як рейди зидди ҳиҷоб нашр шуд, ки мавҷи вокунишҳои аксаран манфиро ба бор овард.

Дар ин видео чунин як рейд дар даромадгоҳи як шифохона (поликлиника) сабт шуда буд ва дар сабӣт дида мешуд, ки як марди масъул ва чанд зан, ки зоҳиран аз байни ҳамшираҳои шафқат барои ин кор сафарбар карда шудаанд, занону духтарони ҳиҷобпӯшро маҷбур мекунанд, ки аввал рӯймоли сари худро “тоҷикона”, яъне ба қафо бубанданд ва ба шакле, ки рӯю гардан ва қисми пеши мӯи сарашон бинамояд. Як марде, ки зоҳиран масъули рейд ба назар мерасад, ба як зан, ки намехоҳад ҳиҷобашро аз сараш бигиранд, “мефаҳмонад”, ки агар сураташро бигираду ба мақомот бифиристад, 3500 сомонӣ ҷаримааш мебанданд. Яке аз занҳои масъул низ тасдиқ мекунад, ки барои пӯшидани ҳиҷоб 3500 сомонӣ ҷарима ҷорӣ кардаанд. (Зоҳиран ин ҷо сухан дар бораи ҷарима дар ҳаҷми 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо меравад, ки 3600 сомониро ташкил медиҳад).

Ин зани миёнасоли масъул аз байни ҳамшираҳои шафқат аввал як духтар ва сипас он зани саркашро водор мекунад, ки ҳиҷобашонро “тоҷикӣ” банданд ва танҳо баъди ин иҷозати ба шифохона даромаданашон медиҳад ва боз як духтари дигари дар сараш ҳиҷобро, ки мехост ба бино ворид шавад, ба назди мизашон даъват мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Мо 2-то “имоми аъзам” дорем, аввалӣ ҳамачизро таҳаммул кард, аммо мансабро таҳаммул накард, дуввумӣ дар авҷи қудрати сиёсӣ қарор дорад ва ба ҷуз мансабу қудрат ҳеч чизро таҳаммул намекунад, на насиҳат, на маслиҳат, на мухолифатро!!! Парлумон ҳам як сохтори “рамзӣ” (ё киссагӣ) аст ва бештар ба “заказҳо” тоб меорад, на ба иқдомҳои мустақилона!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button