ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМА: МАРГИ ДУЧАРХАРОН ДАР ПАНҶАКЕНТ ВА ЯК ЗАНИ МУСОФИР ДАР ЁВОН

ВКД Тоҷикистон дар бораи боз ду садамаи марговар хабар дод.

Аз ҷумла шаби 17-уми майи соли 2024, тахминан соати 21:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Саидаҳмадзода Мираҳмад Саидаҳмад, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Айнӣ-Панҷакент», дар ҳудуди деҳаи Сучинаи шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Исроилов Аъзам Олимович, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, дучархарон Исроилов А.О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
19-уми майи соли 2024, тахминан соати 15:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қораев Бойпулат, соли таваллудаш 1954, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи А.Ҷомӣ ба самти ноҳияи Ёвон, дар ҳудуди деҳаи Деҳқонобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобил баромада, ба истгоҳ бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама, мусофири “Опел” Бобоева Қурбоной Яқубовна, соли таваллудаш 1967, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста шуда, ҳар сол бар асари садамаҳо дар ин кишвар то 400 нафар кушта ва то 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button