ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАРОИ ИСТИҚБОЛИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ХУДАШ ШАХСАН БА ФУРУДГОҲ РАФТ (18 AKC)

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18 апрели соли 2024 бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд. Сафари ӯ ду рӯз давом мекунад ва қарор аст, дар ҷараёни он байни Душанбе ва Тошканд 28 санади нави ҳамкорӣ ба имзо бирасад.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро “бо нишони эҳтирому самимияти олӣ ва ҳусни ҳамсоягиву бародарӣ” шахсан худи Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт. Маъмулан барои пешвози сарони кишварҳои дигар ба фурудгоҳ ягон узви баландпояи ҳукуматро мефиристанд.

Гуфта мешавад, “ба хотири пазироии сазовори  меҳмони олимақом — сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Узбекистон майдони фурудгоҳ бо аксҳои сарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон идона ороста шуд. Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони мамлакат бо гулу парчамҳои ду давлати дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд”.

Зимни суҳбати хоссае, ки байни сарони давлатҳо дар фурудгоҳи Душанбе  доир шуд, Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон кардааст, ки сафари давлатии ӯ ба Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, дӯстӣ, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии давлатҳо мусоидат хоҳад кард.

Возможно, это изображение 6 человек

Cафари давлатии Президенти кишвари ҳамсоя ду рӯз идома ёфта рӯзи 19 апрел хотима меёбад,- иттилоъ дод ба радиои Тоҷикистон Сардори раёсати кишварҳои СНГ дар вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода ба радиои Тоҷикистон гуфтааст, ки сафари Мирзиёев 2 рӯз идома ёфта,  рӯзи 19 апрел хотима меёбад.  Бино ба иттилои Саидмуродзода, то кунун байни Душанбеву Тошканд беш аз 150 созишнома баста шудааст ва дар ҷараёни сафари давлатии Мирзиёев байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 28 санади нави ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид. Аҳмад Саидмуродзода гуфт, бо 600 миллион доллар ҳаҷми солонаи тиҷорати хориҷӣ Ӯзбекистон дар панҷгонаи аввали шарикони тиҷоратии Тоҷикистон қарор гирифтааст, вале сарони давлатҳо вазифа гузоштаанд, ки гардиши мол байни ду кишвар дар ояндаи наздик бояд ба 1 миллиард доллар расонда шавад.

Дар ҳошияи сафари давлатии Мирзиёев дар Душанбе як зумра чорабиниҳо, аз ҷумла форуми соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар, намоишгоҳи маҳсулоти Ӯзбекистон, Рӯзҳои фарҳангии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунару анъанаҳои кишвари ҳамсоя дар боғи Куруши Кабири пойтахт, форуми занон ва форуми ректорони мактабҳои олии ду кишвар, анҷуманҳои илмию амалӣ пиромуни масоили рушди равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешаванд.

Ин дуюмин сафари давлатии Мирзиёев ба Тоҷикистон аст. Сафари якуми ӯ дар моҳи марти соли 2018 сурат гирифта, бо натиҷаҳои таърихиаш, аз ҷумла бекор кардани низоми раводид байни ду кишвари ҳамсоя, боз кардани гузаргоҳҳои марзӣ ва ифтитоҳи дигарбораи парвозҳои ҳавопаймоҳо ва равуои автобусҳо, як сафари таърихсоз дар равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон дониста мешавад. Мирзиёев бори охир соли 2021 бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид карда буд. Эмомалӣ Раҳмон низ моҳи августи соли 2018 ба Ӯзбекистон сафари давлатӣ дошт ва соли 2021 – сафари расмӣ. Ин ба истиснои диду боздидҳои онҳо дар ҳошияи нишастҳои минтақавист.

Шавкат Мирзиёев, ки 67 сол дорад ва аз соли 2016, инак қариб 8 сол боз раҳбарии Ӯзбекистон, пураҳолитарин кишвари Осиёи Марказиро дар даст дорад, дар Тоҷикистон ва минтақа, бахусус дар байни мардуми оддӣ, аз обрӯи вижае бархӯрдор аст.

Шавкат Мирзиёев 24 июли соли 1957 дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах дар хонаводаи муҳоҷирон аз деҳаи Яхтани ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич), воқеъ дар шимоли Тоҷикистон дида ба ҷаҳон кушодааст. Мирзиёев дар замони раёсати Ислом Каримов, ки диктатори аз ҳама бераҳми Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт, солҳои зиёде сарвазир буд. Ӯ соли 2016, баъди марги Каримов дар ҳоле ба мақоми президентӣ расид, ки президенти якуми Ӯзбекистон Каримов муносибатҳои Тошкандро қариб бо ҳамаи кишварҳои минтақа бад карда, барои равуои мардум ба Ӯзбекистон виза ҷорӣ кард ва марзҳояш бо чанд кишварро ҳатто минакорӣ карда буд. Режими дар худи Ӯзбекистон ҷорикардаи Каримовро низ як режими диктаторӣ унвон мекарданд.

Мирзиёев билофосила баъди расиданаш ба қудрат сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ӯзбекистонро ба сурати куллӣ тағйир дод ва дар дохил ба мардум сабукиҳои зиёде оварда, муносибатҳоро бо кишварҳои ҳамсоя беҳтар кард. Ба ин далел, Мирзиёевро барои ислоҳоти солҳои аввали раҳбариаш анҷомдода ҳатто “Горбачёви Осиёи Марказӣ” ном мебурданд.

Ӯзбекистон кишвари аз ҳама пураҳолӣ ва дар баробари Қазоқистон соҳиби яке аз иқтисодҳои аз ҳама қавӣ дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Аҳолии Ӯзбекистон беш аз 36 миллион буда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш (ВВП) беш аз 80 миллиард долларро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, шумораи аҳолии Ӯзбекистон аз 10 миллион аҳолии Тоҷикистони ҳамсояаш 3,5 маротиба  бештар буда, вале маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш нисбат ба Тоҷикистон қариб 8 маротиба (!!!) бештар аст.

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 18.04.2024

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button