ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ИХРОҶИ ЯК ПАНОҲҶӮИ ТОҶИК АЗ ПОЛША БАРОИ РОБИТАҲОЯШ БО ДОИШ-ХУРОСОН

Ятсек Добржинский, сухангӯи вазири ҳамоҳангсози ниҳодҳои амниятии Полша (Лаҳистон) рӯзи 16 апрели соли 2024 хабар дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо барои алоқаҳояш бо созмони террористии ДОИШ-Хуросон депортатсия кардаанд.

Бино ба маълумоти Агентии амнияти дохилии Полша, ин паноҳҷӯи тоҷик ҳамчун узви ДОИШ тавассути хатти сурхи Интерпол дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

“Шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамчун узви ДОИШ тавассути Интерпол ҷустуҷӯ мешуд, бо талаби раҳбари Агентии амнияти дохилӣ аз қаламрави Полша ихроҷ карда шуд. Муайян карда шуд, ки ӯ чандин сол боз ба фаъолияти террористӣ машғул буда, аз ҷумла дар минтақаи низоъҳои мусаллаҳона дар Ховари Миёна фаъолият доштааст. Ӯ ҳамчунин бо он аъзои созмони “ДОИШ- Хуросон”, ки барои омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ дар кишварҳои Аврупо таҳти тафтиш қарор доранд, робита доштааст”, – гуфта мешавад дар гузорише, ки Ятсек Добржинский дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) нашр кард.

Кормандони Агентии амнияти дохилии Полша ин шаҳрванди Тоҷикистонро дар маркази ин кишвар дар ҳоле дастгир карданд, ки ӯ дар инҷо бо маълумоти қалбакӣ ба сар мебурд.

Шаҳрванди Тоҷикистонро барои 10 сол аз ҳаққи вуруд ба Полша (Лаҳистон) ва дигар кишварҳои узви минтақаи Шенген маҳкум кардаанд.

Депортатсияи рӯзи 11 апрели соли 2024 сурат гирифтааст. Шаҳрванди хориҷиро бо парвози махсус бо ҳамкории кормандони Хадамоти марзбонии Полша ихроҷ карданд”, – хабар додаанд дар Агентии амнияти дохилии Полша.

Дар бораи инки ин парвози махсусро кӣ ташкил кардааст ва ин нафарро аз Полша  мушаххасан ба кадом кишвар ихроҷ карданд?, маълумоте дода нашудааст. Дар бораи ному насаб ва шахсияти нафари ихроҷшуда низ расман маълумоте нашр нашудааст.

Вале радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) қаблан хабар дода буд, ки мақомоти Полша ахиран паноҳҷӯи 36-солаи тоҷик Фаррух Икромовро аз ин кишвари аврупоӣ рондаанд.

Фаъолони мухолифон гуфтаанд, ки Икромов дар эътирози моҳи сентябри соли 2023 ба зидди президент Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин ширкат дошт ва онҳо метарсанд, ки дар Тоҷикистон  ӯ шиканҷа ва ба муддати дароз зиндонӣ хоҳад шуд.

Бино ба иттилои ин расона, Фаррух Икромов соли 2016 ҳамроҳи зану фарзандонаш Тоҷикистонро тарк кард ва дар Лаҳистон мезист. Вакили мудофеяш рӯзи 15-уми апрел ба Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, як созмони наздик ба мухолифини тоҷик  дар Лаҳистон гуфтааст, “ӯро фиристоданд, дар дохили Тоҷикистон суроғаш кунед.”

This image has an empty alt attribute; its file name is 01000000-0aff-0242-dcba-08dbc0d2fb44_cx0_cy22_cw23_w1597_n_r1_st_s.jpg
Фаррух Икромов

Абдусаттор Бобоев, раҳбари ин Кумита рӯзи 16 апрел гуфт, ки Лаҳистон аз додани мақоми паноҳандагӣ ба Фаррух Икромов даст кашида буд.

“Ба ин далел чанд моҳ пеш ба Олмон рафт, аммо ӯро дубора аз онҷо ба Лаҳистон фиристоданд. Дар урдугоҳе нигаҳдорӣ мешуд. Рӯзи 10-уми апрел занг заду гуфт, ки аксашро гирифтаанд ва як рӯз баъд аз он телефонаш хомӯш шуд. Вакилаш гуфт, ӯро аз Лаҳистон ронданд,” – нақл кардааст Абдусаттор Бобоев.

Наздикони Фаррух Икромов иддао доранд, ки ӯ фаъолияти сиёсӣ надошт, аммо ҳамсараш узви ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буд ва ба ин далел пас аз баста шудани ҳизб дар Тоҷикистон онҳо аз тарси таъқиб соли 2016 ба Лаҳистон кӯчидаанд.

Аммо фарзияи Агентии амнияти дохилии Полша аз ончӣ ки наздикони Икромов мегӯянд, фарқ мекунад. Мақомоти амниятии Полша бар инанд, ки то кӯчиданаш ба Лаҳистон ин зодаи Тоҷикистон дар кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна қарор дошт ва ҳангоми дар Полша буданаш низ бо он аъзои ДОИШ, ки қасди анҷоми амалҳои террористӣ дар Аврупоро дар сар доштанд, дар тамос буд.

Дар вақтҳои охир номи зодагони Тоҷикистон дар Аврупо ба далели робитаҳои онҳо бо созмонҳои террористӣ хеле зиёд расонаӣ шуда истодааст.

Моҳи  декабри соли 2023 чанд зодаи Тоҷикистон дар Австрия, Олмон ва Испания барои омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ дар рӯзҳои Мавлуди Масеҳ дар калисоҳои Вена ва Кёлн дастгир шуданд.

Тоза рӯзи 8 апрели соли 2023 шаҳрванди Тоҷикистон Илҳом Сайраҳмонзода дар фурудгоҳи Рим, пойтахти Италия дар ҳоле ба даст афтод, ки аз шаҳри Эйндҳовени Ҳолланд бо ҳавопаймо ба Рим омада буд. ВКД Тоҷикистон ба дунбол тасдиқ кард, ки шаҳрванди тоҷик Илҳом Сайраҳмонзода Илҳом Сайраҳмонзода, соли таваллудаш 1992, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз соли 2018 барои узвият дар ДОИШ дар ҷустуҷӯ қарор дошт ва боздошти ӯ дар Италия бо дархост ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Тоҷикҳои пайрави ақидаҳои тунди мазҳабӣ ба вижа баъди ҳамлаи хунини рӯзи 22 марти соли 2024 чор нафари мусаллаҳ ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки 144 кушта ба ҷо гузошт, таҳти таваҷҷуҳи вижаи мақомоти амниятии кишварҳои гуногун қарор гирифтанд. Бо иттиҳоми даст доштан дар он ҳамла то имрӯз дастикам 18 нафар дастгир шудаанд, ки 16 нафараш, аз ҷумла ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, аз Тоҷикистонанд.

Иштироки рӯзафзуни зодагони Тоҷикистон дар ҳамлаҳои террористии ДОИШ ва дигар гуруҳҳои террористӣ дар кишварҳои гуногун мояи нигарониҳои ҷиддӣ дар Душанбе шудааст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи март дар мулоқот бо ходимони дин хабар дод, ки 3 соли охир дастикам 24 зодаи Тоҷикистон дар 10 кишвари гуногун даст ба ҳамлаҳои террористӣ задаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button