ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ НОУТБУКИ ҲАМХОНА ДАР ХУҶАНД ВА ҚАЛЛОБ БО ПУЛИ ҲАҶ ВА МОШИНИ “КАМРИ”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 18 апрели соли 2024

Боздоши ҷавони 22-сола барои такроран содир намудани ҷинояти дуздӣ

21

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 7-уми апрели соли 2024, тахминан соати 08:30-дақиқа, ҳангоми қарор доштан дар манзили муваққатиаш дар шаҳри Хуҷанд, аз он ҷо 1-адад ноутбуки тамғаи «Леново»-ро, ки ба ҳамхонааш ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Панҷакент тааллуқ дошт, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ду ҳолати қаллобӣ

12

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2024 мардони 58 ва 47-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 32 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки ӯро бо ҳамроҳии модараш барои зиёрати «Ҳаҷи Умра» равон мекунанд, аммо ваъдаашонро то ҳол иҷро накардаанд.

Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шуд, марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, моҳи октябри соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии зани 40-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота Камри-3»-ро, ки арзишаш 135 ҳазор сомонӣ мебошад, гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 2 моҳ маблағи автомашинаро бо пуррагӣ бармегардонад, аммо номбурда то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button