ВидеоНомаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

37 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР КОМАНДАИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар канали расмиаш дар шабакаи Телеграм хабар дод, ки рӯзи 15 апрели соли 2024 дар 37 сохтори мухталифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахти Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом додааст.

Дар канали Рустами Эмомалӣ ва сомонаи расмии шаҳрдории Душанбе дар бораи тағйироти кадрии суратгирифта расман ягон тафсилот надодаанд, вале ба нашрияҳои маҳаллӣ муяссар шудааст, ки дар бораи ин тағйироти кадрӣ бархе ҷузъиётро ба даст биоранд.

Аз ҷумла Пресса.Тҷ хабар дод, ки Раҷабалӣ Бобохонзода ба ҷои Шоҳзод Раҳимзода сардори раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе таъйин шудааст. Бобохонзода 30 сол ва 2 фарзанд дошта, то кунун ба ҳайси ёрдамчии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва аз он қабл чандин сол дар Донишгоҳи миллӣ аз ҷумла ба ҳайси муовини декани риштаи иқтисоду менеҷмент, муовини ректор оид ба таълим ва ёрдамчии ректор фаъолият доштааст. Раҷабалӣ Бобохонзода соли 2021 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Мукаммалгардонии механизми ҳифзи бозори дохилӣ дар шароити узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо» дифоъ кардааст.

Сомонаи “Оила” бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки Муҳаммадалӣ Ҳабибзода сардори раёсати фарҳанги пойтахт таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Нуралӣ Шоҳиёнро иваз кард.

Дилрабо Ашӯрова ба ҷои Заррина Зуҳурзода сардори раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе таъин шуд. Ӯ қаблан муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ҳокими халқии демократӣ (ҲХДТ) дар пойтахт буд.

Бо қарори дигар Ҷаҳонгир Саъдизода мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе таъин гардид. Ӯ қаблан мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Ҳамзамон, Давлат Давлатзода сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳрдории Душанбе ва Дилшоди Ҷамшед мудири шуъбаи сайёҳӣ таъйин шуд. Дилшоди Ҷамшед дар ин мақом Комрон Зафарзодро иваз кард.

Ҳамчунин, муовинони раисони ноҳияҳои И. Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои пойтахт, инчунин, роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр аз ҳисоби кадрҳои ҷавон таъин гардидаанд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 15 апрел бо фармонҳои президент, Билол Иброҳим “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барканор ва ба ҷои ӯ Олимзода Сафар Маҳмадшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳияи пойтахт таъйин шуд. Дар бораи ба кадом кори дигар гузаштани Билол Иброҳим ягон маълумот дода нашудааст.

Исми Билол Иброҳим ду сол пеш дар робита ба ҷанҷоли боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудани журналистон Далели Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ вирди забонҳо шуд. Ин ду журналисти ҷавонро маҳз баъди нашри гузоришҳои танқидӣ аз ноҳияи Шоҳмансур мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳамин ноҳия дастгир ва ба зиддашон парванда кушода буданд.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 36 сол дошта, аз моҳи январи соли 2017, инак беш аз 7 сол боз шаҳрдори Душанбе, пойтахт ва бузургтарин шаҳри ҷумҳурист. Ӯ соли 2020 ҳамзамони раиси Маҷлиси миллӣ низ интихоб шуд ва ба унвони раҳбари маҷлиси болоии парлумон расман раҳбари дуюми ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Рустами Эмомалиро як вориси эҳтимолии курсии президентии падараш мешуморанд. Эмомалӣ Раҳмон, ки 71 сол дорад, аз ноябри соли 1992, инак беш аз 31 сол боз бар Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.  Ҳанӯз дар соли 2016 синни ҳадди ақали номзадӣ ба президентиро дар Тоҷикистон аз 35 то 30 пойин оварданд ва аксарият бар ин буданд, ки ҳадаф аз ин тағйирот ҳамвор кардани роҳи Рустами Эмомалӣ барои ширкат дар интихоботи президентии соли 2020 аст. Вале дар ин интихобот Эмомалӣ Раҳмон бори дигар номзадии худашро пешбарӣ кард ва даврони раёсаташро боз ба 7 соли дигар, то соли 2027 тамдид кард.

Дар ин байн чандин бор аз омодагиҳо ба интиқоли қудрат дар Душанбе хабарҳо ба даст мерасид, вале ҳар дафъа иҷрои ин нақша ба далелҳои гуногун ба таъхир меафтод.

Бо ин вуҷуд, бисёре аз нозирон ва манобеи огоҳ аз ҷараёни таҳаввулот дар арши сиёсии Тоҷикистон бар инанд, ки нақшаи интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писари калониаш Рустами Эмомалӣ метавонад хеле зудтар аз соли 2027 амалӣ шавад.

Дар ҷомиаи Тоҷикистон  бисёриҳо умедворанд, ки Рустами Эмомалӣ дар сурати расидан ба курсии президентӣ мисли президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  дар сиёсати дохилиаш роҳи ислоҳотро пеш мегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button