ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ СОКИНИ ШАҲРИТӮС ДАР ЯК САДАМА ДАР ҲУДУДИ ДЕҲАИ СУЛТОНОБОД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 11-уми апрели соли 2024, тахминан соати 14:10, ронандаи мошини тамғаи “DONE-FENG”, Маҳмадов Шарофиддин Абдусамадович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Шаҳритӯс, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингард дар ҳудуди деҳаи Султонободи ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва мошини ӯ ба дохили ҷӯйи калони обгузари деҳа чаппа шудааст. Дар натиҷа, худи ронанда Маҳмадов Ш.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тафсилоти дигари садама маълум нест. ВКД гуфт, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Аз ин қабл маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар се садамаи рӯзҳои 9 ва 10 апрели соли 2024 дар роҳҳои ҷумҳурӣ 8 нафар ҷон бохтаанд. Шаби 9 апрел дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ дар рӯ ба рӯи ошхонаи «Чордег»  як мӯсафеди 73-сола зери чархи мошини тамғаи “Форд” ба ҳалокат расида, рӯзи 10 апрел, дар рӯзи иди Фитр, як кӯдаки ҳафтсола дар ҳудуди ҷамоати Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун зери чархи мошини тамғаи “Мерседес” ҷон дод. Аммо садамаи аз ҳама пурқурбонӣ шаби 9 апрел дар ҳудуди уми шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” бар асари бархӯрди “Опел” бо “БМВ” 6 нафар: ҳарду ронанда ва 4 мусофири “Опел” ҷон бохтанд.

Бино ба иттилои ВКД, шаби 9-уми апрели соли 2024, тахминан соати 21:10, ронандаи мошини тамғаи «Опелноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дод. Дар километри 312-

-Вектра», Башаров Бустон Маҳкамович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Истиқлол, ҳангоми ҳаракат дар километри 312-уми шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «БМВ», таҳти идораи ронанда Одинаев Раҳимҷон Фарҳодович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Хуҷанд, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ҳарду ронанда Башаров Б.М. ва Одинаев Р.В ва мусофирони мошини тамғаи «Опел-Вектра», Ҳамдамов Аброр Абдусаидович, соли таваллудаш 1992, Худойназаров Авазҷон Анварович, соли таваллудаш 1992, Нортаев Обидҷон Акбаралиевич, соли таваллудаш 1991 ва Ҷуманов Бегалӣ Мирзоабдуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳрҳои Истиқлолу Гулистон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button