ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РӮЗҲОИ 12 ВА 13 АПРЕЛ ДАР КӮҲҲОИ ТОҶИКИСТОН СЕЛ МЕОЯД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 12-13 апрели соли 2024 дар як катор ноҳияхои кӯҳии ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ омадани селҳо эҳтимол дорад.

 Ғайр аз ин бар асари ҳавои номусоид сатҳи об дар рӯдхонаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ баланд мешавад. Сангрезиш ва лағжиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар ин иртибот Кумита як бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳое, ки эҳтимоли лағжиши тарма ва регу санг доранд, худдорӣ намоянд. Рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини гиёҳҳои доруворӣ, ҳезум, ба шикоргоҳҳо барои шикор ва соҳили обҳо барои моҳидорӣ низ дар ин рӯзҳо маслиҳат дода намешавад.

 Сокинон бояд каналу ҷӯйборҳо ва селроҳаҳои назди манзили зисти худро сари вақт тоза кунанд.

КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

Офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу ярчу тарма, барои Тоҷикистон хеле харобиовар ба шумор рафта, ҳар сол ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва ба сокинон ба маблағи миллионҳо доллар зарар мерасонад. Зарари аз офатҳои табиӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва сокинон расида дар соли гузашта 76 миллиону 770 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 7 миллион доллар ва дар 4 соли охир қариб 331 миллион сомонӣ, ё беш аз 30 миллион долларро ташкил додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button