Сулаймон Давлатов, паноҳандаи сиёсии тоҷик дар кишвари аврупоии Литва боздошт шудааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Сулаймон Давлатоврнимаи дуюми рӯзи ҷумъа, 5 апрели соли 2024, баъди намози ҷумъа аз маҳалли кораш дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва дастгир кардаанд ва рӯзи якшанбе, 7 апрел додгоҳи Вилнюс фаъоли тоҷикро барои 2 моҳ, яъне то 6 июни соли ҷорӣ ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.
Далели боздошти Сулаймон Давлатов рӯшан нест. Ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” то ин соат муяссар нашудааст, ки бо адвокат ё наздикони ӯ суҳбат кунад.
Бино ба нақли дигар тоҷикони муқими Литва, рӯзи ҷумъа Сулаймон Давлатовро аз назди ҷои кораш афроди ниқобпӯш ба як мошини микроавтобус бор карда бурдаанд. Баъдан маълум шуд, ки онҳо кормандои хадамоти амнияти миллии Литва будаанд.
Сулаймон Давлатов, зодаи шаҳри Ваҳдат, ки 40 сол дорад, аз соли 2015, инак 9 сол боз ҳамроҳи зану фарзандонаш дар Литва ба сар мебарад ва дар ин кишвари мақоми паноҳандаи сиёсиро ба даст овардааст.
Сулаймон Давлатов дар гузашта аз аъзои аршади ҳаракати оппозитсионии фаъолияташ феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” ва Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон буд. Ӯ дар пайи ихтилофоташ бо дигар аъзои ин ду ҳаракат ибтидо аз “Гуруҳи 24” а сипаст аз АНСТ хориҷ шуд, вале ба фаъолиятҳои сиёсиаш ҳамонашо идома медод ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукумати кунунии Тоҷикистон интиқод карда, дар бархе ҳамоишҳо ва иқдомҳои эътирозии тарафдорони оппозитсияи тоҷик дар Литва иштирок мекард. Ӯ ҳамин тавр, бо лаҳни тунд аз роҳбарони мухолифин низ интиқод мекард.
Сулаймон Давлатов қаблан дар шаҳри Санкт Петербурги Русия тиҷорат дошт. Давлатов дар Литва низ ба тиҷорат машғул буд ва аз ҷумла аз хориҷ ба ин кишвар маҳсулоти ҳалол ворид мекард. Ӯ дар Вилнюс ошхонаву мағоза ва нонвойхона дошт ва рӯзи 5 апрел аз сӯи одамони ниқобпӯш дар назди ошхонааш дастгир шудааст.
Ин бори аввал нест, ки Сулаймон Давлатов дар Аврупо боздошт мешавад.
Соли 2015, дар пайи манъи фаъолияти “Гуруҳи 24” аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ва мавҷи боздоштҳои аъзои он, Сулаймон Давлатов аз Петербург ба Финландия фирор кард, вале 20 феврали соли 2015 ӯро дар Финландия бар асоси дархости Интерпол дастгир карданд. Маълум шуд, ки мақомоти Тоҷикистон ин фаъоли мухолифи ҳукуматро бо иттиҳомоти сангине, ба мисли “ба ҳайъати гуруҳҳои ифротӣ ҷалб кардану ба Сурия фиристодани ҷавонони тоҷик” таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.
Он вақт додгоҳи Финландия ба далели ангезаҳои сиёсии парвандааш аз истирдоди Сулаймон Давлатов ба Тоҷикистон даст кашид ва ӯро алакай моҳе баъд, 24 марти соли 2015 озод карданд.
Баъди раҳоияш аз боздошт Давлатов ба Литва омад ва аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кард.
Литва дар баробари Полша яке аз самтҳои умдаи ҳиҷрати мухолифону мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон ва фаъолони тоҷик ба шумор меравад. Дар Литва, бино ба ҳисобҳо, ҳудуди 200 паноҳҷӯ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд.