ҲАЛОКАТИ МАРДИ 55-СОЛА ВА КӮДАКИ 2-СОЛА ДАР 2 САДАМА ДАР БАТОШ ВА ДАНҒАРА

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 3 апрели соли 2024
Ҳалокати ду нафар зимни ҳодисаҳои нақлиётӣ
Шаби 1-уми апрели соли 2024, тахминан соати 21:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Буриев Ҳусейнҷон Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат роҳи мошингарди “Душанбе-Турсунзода” дар ҳудуди деҳаи Батоши ҷамоати деҳоти Қаратоғи ҳамин шаҳр аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Меликов Бароталӣ Саидович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Меликов Б.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 2-юми апрели соли 2024, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Валиев Амирҷон Файзуллоевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Данғара, дар манзили истиқоматии Шоинов Анварҷон Олимхонович, соли таваллудаш 1995, сокини ҳамин ноҳия ҳангоми ба қафо идора намудани автомашинаи шахсиаш духтарчаи хурдсоли соҳибхона, Олимхонзода Нилуфари Анвар, соли таваллудаш 2022-ро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Олимхонзода Н.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Ошкор гардидани кирдори қаллобии марди 36-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини шаҳри Хуҷанд моҳи апрели соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии марди 51-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, бо баҳонаи сайқал додани тиҷорат нақшаи бардурӯғи соҳибкориро пешниҳод намуда, маблағи 20 ҳазору 300 доллари амрикоиро тариқи нақдина гирифта то ҳол барнагардонидааст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.