ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ҲАЛОКАТИ 29 КОРГАР БАР АСАРИ ТАРКИШ ВА СӮХТОР ДАР ЯК КЛУБИ ШАБОНАИ ИСТАНБУЛ (ВИДЕО)

Рӯзи 2 апрели соли 2024 дар маркази шаҳри Истанбули Туркия клуби шабонаи “Masquerade”, яке аз қадимтарин клубҳои шабонаи ин шаҳр ба коми оташ рафт. Дар натиҷа, дастикам 29 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Аксари ҳалокшудагону захмиён коргаронанд, ки барои тармими бинои клуб даъват шуда буданд. Худи клуби шабона ин шабу рӯз ба далели моҳи барои мусалмонон муқаддаси Рамазон баста буд.

Дар робита ба ин ҳодисаи фоҷиавӣ 8 нафар, аз ҷумла мудири клуби шабона ва 4 нафари масъули тармими бино боздошт шудаанд, вале маълум нест, ки ба зидди онҳо чӣ айбе эълон шудааст?

Бино ба хабарҳо, таркиш рӯзи 2 апрел, наздикиҳои соати 13 дар таҳхонаи бинои 16-қабата дар кӯчаи Гененӯғлу дар маҳаллаи Эсентепе (Ҳасантеппа) дар ноҳияи Бешиктоши шаҳри Истанбул рух дода, сипас ба сӯхтор печид. Оташ ду қабати зеризаминии биноро, ки клуби шабонаи “Masquerade” ҷойгир шуда буд ва онҷо таъмир мерафт, фаро гирифтааст. Бино ба арзёбиҳои аввалия, таркиш дар паҳлуи саҳнаи клуби шабона рух додааст.

Барои фурӯ нишондани оташ 86 сӯхторнишон ва 31 мошини сӯхторнишонӣ сафарбар гардида, пулис кӯчаҳои атрофро муваққатан масдуд карда буд.

Иллати таркиш ва сӯхтор дар клуби шабона ҳанӯз дақиқ карда нашудааст. Додситонии Истанбул ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ карда, 8 нафарро алакай дастгир кардааст. Вазири адлияи Туркия Йилмаз Тунч гуфт, барои таҳқиқи ҳодиса се додситон таъйин карда шудаанд.

Шаҳрдори Истанбул Акрам Имомӯғлу ба ҷои ҳодиса омада, ба наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ ва ваъдаи кумак кард. Волии устони Истанбул Довуд Гул  ба журналистон хабар дод, ки клуби шабонаи “Masquerade” аз соли 1987 ба ин тараф фаъолият дорад ва соли 2019 иҷозатномаи фаъолияти ин клубро дигарбора тамдид карда буданд.

Бино ба хабарҳо, дар бораи ин ҳодисаи фоҷиавӣ президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғонро низ дар ҷараён гузоштаанд ва ӯ таҳқиқи ин қазияро зери назорати худ гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button