ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ҶУФТИ ХАТАРНОК: БОЗДОШТИ ФОЗИЛҶОН ВА ЗУЛФИЯ БАРОИ ТАЙЁРӢ БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ТУРКИЯ (ВИДЕО)

Нашрияи туркии Hurriyet рӯзи 1 апрели соли 2024 бо такя ба манобеаш дар ниҳодҳои амниятии Туркия хабар дод, ки шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Фозилҷон А. ва шарики 41-солаи ғ аз Қирғизистон Зулфия дар шаҳри Истанбул бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дастгир гардида, Зулфияро алакай аз қаламрави Туркия ихроҷ кардаанд.

Ба иттилои манобеи нашрия, кормандони мақомот ҳардуро аз як манзил дар маҳаллаи Пендики Истанбул боздошт кардаанд. Ҳангоми кофтукоб аз хонаи онҳо либоси расмии жандармерия, ҳамчунин кӯлоҳ ва ҷавшани пулис, ратсияи мошин, корд ва маводи электронӣ бо дастурҳо ёфт ва ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шудааст. Ба бовари мақомот, онҳо қасд доштаанд баъди анҷоми ҳамла бо истифода аз либоси пулис фирор кунанд.

Маълум шудааст, ки Фозилҷон муддати тӯлонӣ боз узви созмони террористии ДОИШ буда, ӯро дар байни ҷангҷӯён бо лақаби “Абӯ Исмоил” мешинохтаанд.  Тафтишот ҳоло бояд маълум кунад, ки ин зодаи Тоҷикистон бо кадом афроди ДОИШ  дар тамос буд ва дар сохтори ин созмони террористӣ худи ӯ шахсан чӣ мақоме дошт?

Ба гуфтаи манобеи “Ҳуррият”, ҳамлаи террористии нақшарезикардаи Фозилҷону Зулфия дар марҳалаи тайёрӣ қарор дошт. Дар ин бора, ки онҳо дар куҷои Туркия мехостанд ҳамла анҷом диҳанд?, чизе гуфта нашудааст.

Чор зодаи Тоҷикистон, ки муттаҳамони асосӣ дар ҳамлаи хунини рӯзи 22 март дар канори шаҳри Маскав дониста мешаванд, низ бо Туркия иртибот доштанд. Дар он ҳамла ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск 144 кас кушта шуданд.

Муайян карда шудааст, ки дастикам 2 нафар аз 4 муттаҳами асосӣ – Саидакрами Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин – дар аввали соли ҷорӣ ба Туркия рафта, ҳар кадом дар онҷо беш аз як моҳ мондаанд ва сипас, ҳарду ҳамзамон дар як рӯзи 4 март, яъне ҳамагӣ ду ҳафта пеш аз ҳамла ба Русия баргаштаанд.

Ахиран манбаи хабаргузории русии “Sputnik-Тоҷикистон” хабар дод, ки яке аз муттаҳамони асосии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” — Фаридуни Шамсиддин — бо созмонҳои ифротии тоҷикон дар Туркия алоқа дошт ва омодагӣ ба ҳамлаи террористиро дар Истанбул гузаштааст.

Бино ба гузориши “Спутник”, дар аввали соли 2024 Фаридуни Шамсиддин гӯё бо мақсади “убури марз” ба Истанбул сафар кард, вале дар онҷо муддати тӯлонӣ монд ва баъди он сафар “дар суҳбатҳо бо дӯстону наздикон фикрҳои ифротӣ мезадааст”. Дар посух ба суолҳои шиносҳо, ки дар Туркия ин қадар вақт чӣ мекард?, ӯ гуфтааст, ки кор меҷуст. Вале дар асл, ба гуфтаи манбаи “Спутник”, ӯ дар онҷо  дар назди “устодон”-е, ки таҷрибаи ҷанг дар саффи ДОИШ дар Сурияву Афғонстонро доштанд,  таълими ҷангӣ гирифтааст.

Манбаи “Спутник” ҳамчунин гуфтааст, ки боздошти ахири даҳҳо тан аз афроди ДОИШ дар Туркия маҳз бар асоси баёноти Фаридуни Шамсиддин муяссар шудааст. Вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая рӯзи 31 март хабар дод, ки дар байни 4 рӯз дар 21 вилояти ин кишвар 51 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ дастгир кардаанд.

Saldırı hazırlığındaki iki terörist İstanbul’da yakalandı Jandarma ve polis kıyafeti ele geçirildi
Saldırı hazırlığındaki iki terörist İstanbul’da yakalandı Jandarma ve polis kıyafeti ele geçirildi
Saldırı hazırlığındaki iki terörist İstanbul’da yakalandı Jandarma ve polis kıyafeti ele geçirildi

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button