ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ҲАБСИ ЯЪҚУБҶОН ЮСУФЗОДА – МУТТАҲАМИ ДАҲУМ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 1 апрели соли 2024 боз як зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи хунини террористии рӯзи 22 март дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” то 22 май ба ҳабси пешакӣ гирифт. Хадамоти матбуоти додгоҳҳои шаҳри Маскав  бо нашри аксу видеоҳо аз толори додгоҳи Басманний дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки Юсуфзода Яъқубҷони Давлатхон низ бар асоси моддаи 205, қисми 3, банди “б” Кодекси ҷиноятии Русия ба даст доштан дар амали террористӣ айбдор мешавад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Яъқубҷон Юсуфзода 25 сол ва 3 фарзанд дорад. Қаблан суд нашудааст. То замони боздошташ ба сурати ғайрирасмӣ дар як сохтмон кор мекардааст.

Худи Юсуфзодаву наздиконаш ваё адвокати ӯ барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, ӯ ба интиқоли пул ба афроди муттаҳам ба ҳамлаи террористии рӯзи 22 март айбдор мешавад.

Бар асоси маводи парвандааш, Яъқубҷон Юсуфзода тасодуфан дар ҷараёни як рейд дар чорчӯби амалиёти “Нелегал” ба даст афтод. Рӯзи 25 март ӯву як шиносашро кормандони пулис манъ карданӣ мешаванд, вале онҳо кӯшиши фирор мекунанд. Кормандони пулис онҳоро таъқиб мекунанд, вале баъди боздошт Юсуфзода аз нишон додани ҳуҷҷатҳояш ва нишастан ба мошини пулис гӯё саркашӣ кардааст. Ба ин далел, ӯро маҷбуран ба шуъбаи пулис оварда, рӯзи 26 март дар аввал барои сарпечӣ аз иҷрои амри пулис ба 12 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд.

Кумитаи тафтишот гуфт, алакай баъди боздошташ маълум шуд, ки Юсуфзода чанд рӯз қабл аз ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” “ба воситаи корти бонкиаш ба як шарики ин ҳамла барои таъмини макони зисти террористҳо пул гузаронда”, боз як миқдор пули дигарро баъди анҷоми ҳамла ба ҳисоби яке аз муттаҳамон интиқол додааст.

Шоми 22 марти соли 2024 чор нафари мусаллаҳ ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав ҳамла оварда, издиҳомро тирборон карданд. Дар натиҷа, 144 нафар кушта шуданд.

То имрӯз дар робита ба ин ҳамла дар Русия дастикам 15 нафар боздошт шудаанд. Исми 12 тани онҳо нашр шудааст. Ба ҷуз аз як зодаи Қирғизистон, 11 нафари боқимонда, аз ҷумлаи ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, ки мақомоти Русия онҳоро омилони ҳамла мешуморанд, аз Тоҷикистонанд.

Афроди муттаҳам ба анҷоми ҳамла:

  1. Фаридуни Шамсиддин, саркардаи эҳтимолии ҳамлагарон, зодаи деҳаи Лойоб дар канори шаҳри Ҳисор
  2. Саидакрами Раҷабализода, зодаи шаҳри Ваҳдат
  3. Далерҷон Мирзоев, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ
  4. Муҳаммадсобир Файзов, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ

Афроди муттаҳам ба кумак ба ҳамлагаро:

  1. Алишер Қосимов, зодаи шаҳри Ӯши Қирғизисто, шаҳрванди Русия, Фаридуни Шамсиддин дар Красногорск хонаи ӯро иҷора гирифта буд.
  2. Исроил Исломов, падар
  3. Аминджон Исломов, писари калонӣ
  4. Диловар Исломов, писари хурдӣ. Соҳиби қаблии мошини рангаш сафеди тамғаи “Рено”, ки дар ҳамла истифода шуд.
  5. Лутфуллои Назримад, зодаи шаҳри Душанбе. Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо дар “Крокус” дар шоми ҳамла дастгир шуд. Мисли Юсуфзода, ӯро ҳам дар аввал барои саркашӣ аз иҷрои амри пулис 15 шабонарӯз ҳабс карда, баъдан ба зиддаш бо иттиҳоми терроризм парванда кушоданд.
  6. Яъқубҷони Юсуфзода, зодаи Моғиёни Панҷакент
  7. Абдувоҳид Файзуллоев
  8. Рустам Саидзода. Ин 2 нафари охир рӯзи 31 март дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия дастгир шуданд. Онҳоро ба интиқоли пул ва силоҳ барои омилони ҳамлаи рӯзи 22 март дар “Крокус” ва ҳамчунин ба тайёрӣ барои анҷоми як ҳамлаи дигари террористӣ дар шаҳри Каспийски Доғистон айбдор мекунанд.

Номҳои се муттаҳами дигар то ҳол нашр нашудааст. Яке аз онҳо, ки 31 март дар шаҳри Каспийск дастгир шуд, зодаи Доғистон мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button