ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

САДАМАИ МАРГОВАРИ ХОНАНДАИ СИНФИ 9 ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ду садамаи марговар дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониёни водии Вахши вилояти Хатлон хабар дод. Дар як ҳолат гунаҳкори садама як хонандаи синфи 9 буд, мошини падарашро гирифта, ҷӯраҳояшро савор кардааст.

Бино ба иттилои ВКД, шаби 27-уми марти соли 2024, тахминан соати 20:15, ноболиғ Раҳмонов Абдуғанӣ Зафарҷонович, соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи Кӯшониён, мошини тамғаи «Тoйота-Королла»-и падараш Ҳасанов Зафарҷон Ҳакимович, соли таваллудаш 1978-ро бо нияти саворӣ гирифта, ҷӯраҳояшро ба мошин савор кардааст.

Аммо ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Навкори ноҳияи мазкур ронандаи ноболиғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи мошингард ба тарафи рости канори роҳ баромадааст ва ба дарахтони тути канори роҳ бархӯрда, мошинро чаппа кардааст.

Дар натиҷа, мусофирони дохили мошин, ноболиғон Иброҳимов Фарҳод Бахтиёрович ва Маҳмадалиев Муҳаммад Маҳмадшарипович, соли таваллудашон 2008, сокинони ноҳияи Кӯшониён, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Баъдан Фарҳод Иброҳимов ба иллати ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расид.
Бино ба хабари дигар, 28-уми марти соли 2023, тахминан соати 11:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Сайдалиев Исмоил Ваҳобович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Левакант, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Баҳодурон ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Тойота-Королла”, ки ба Муҳиддинов Эмоммаҳдӣ Алиевич, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Левакант тааллуқ дорад, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири “Опел-Астра”, Кузиева Алфия Фирӯзовна, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Левакант, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи “Опел” Сайдалиев И.В. ва ронандаи мошини тамғаи “Тoйота Королла” Муҳиддинов Э.А. ва мусофирони он: Раҳмонова Ҷамолбӣ Бобоҷоновна, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Левакант ва ноболиғ Маҷидзода Шодӣ Маҳмад, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Кӯлоб,  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button