ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РӮЗҲОИ 28-29 МАРТ ДАР ТОҶИКИСТОН ХАТАРИ ФУРӮ РЕХТАНИ ТАРМАҲО ВУҶУД ДОРАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки бар асоси маълумоти ҳавошиносон, рӯзҳои 28-29 марти соли 2024 дар як қатор роҳҳои кӯҳистонии тобеи марказ, дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ҳамчунин дар ноҳияҳои ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли фурӯ рехтани тармаву сангрез ва баста шудани бархе роҳҳо пешбинӣ карда мешавад.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинони ин минтақаҳои тармахез хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахши кӯҳӣ, ҳамчунин аз шиору моҳидорӣ худдорӣ кунанд. Ҳамчунин ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо чорвои худро барои чаро ба чарогоҳҳои воқеъ дар минтақаҳои кӯҳистону кӯҳдоман набароранд.

Аз ронандагоне, ки дар ин рӯзҳо қасди сафар аз тариқи ағбаҳои кӯҳистониро доранд, хоста шудааст, ки пеш аз сафар дар бораи вазхи роҳҳову шароити обу ҳаво тамоми маълумоти лозимро ба даст оварда, воситаҳои нақлиёти худро барои сафар омода кунанд ва ҳангоми убур аз қитъаҳои хатарноки роҳ аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд.

Роҳҳои кӯҳистони Тоҷикистон аз лиҳози фурӯрезии тармаҳо дар фасли сармо ва оғози фасли баҳор хатарнок ба шумор мераванд. Соли 2023 дар Тоҷикистон 335 ҳолати фурӯ рехтани тарма сабт шуда, дар чандин ҳолат боиси марги шаҳрвандон ҳам шудааст.

Тармаҳо бештар дар шоҳроҳи Душанбе –  Хуҷанд –  Чаноқ, ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистон, ҳамчунин дар роҳҳои кӯҳистони водии Рашт ва вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон фурӯ мерезанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button