ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР БАСТА ШУДУ КӮДАК ПУШТИ ДАР МОНД… АМАЛИЁТИ НАҶОТИ ЯК ДУХТАРЧАИ СЕСОЛА ДАР ДУШАНБЕ (АКС)

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи наҷоти як кӯдаки сесола дар пойтахт хабар дод. Барои ин наҷотбахшон бо истифода аз таҷҳизоти махсуси кӯҳнавардӣ бо девори бинои бисёрқабата боло баромада, ба манзиле, ки кӯдак дар дохилаш дармонда буд, ба воситаи тиреза ворид шудаанд.

Бино ба гузориши нашршуда, рӯзи 27 марти соли 2024, соати 14:50 ба вақти маҳаллӣ, ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон як зани сокини кӯчаи Неъмат Қаробоев, бинои №10/1 занг зада хабар додааст, ки  дари хонааш тасодуфан пӯшида шудааст ва ӯ дигар ба дарун даромада наметавонад. Ин зан бо садои изтиробомез хабар додааст, ки духтарчаи сесолааш дар дохила хона дармондааст.

Наҷотбахшон аз воҳиди махсуси зудамали раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса омада, дар пайи баррасии ҳолати пешомада ба натиҷае расданд, ки кӯдакро натарсонанд ва ба риски беҳуда дучор накунанд ва аз ин рӯ, бояд тавассути тиреза вориди хона шаванд.

Наҷотбахшон бо истифода аз  таҷҳизоти махсуси кӯҳнавардӣ бо девори бинои бисёрқабата боло баромада, аз тариқи тиреза вориди манзили он зан шуданд ва дари хонаро аз дарун кушоданд.

Гуфта мешавад, аҳволи духтарча хуб буд ва ба кумаки тиббӣ ниёз надошт.

Наҷотбахшон бо модари кӯдак дар бораи зарурати кор гирифтан аз ҳушёрӣ ва эҳтиёти бештар суҳбат гузаронда, таъкид кардаанд, ки ба вижа вақте сухан дар бораи кӯдакон меравад, бояд аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button