ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

МУФАТТИШОНИ РУСИЯ БАРОИ БОЗПУРСИИ ХЕШУ ТАБОРИ 4 МУТТАҲАМИ АСОСӢ БА ДУШАНБЕ ОМАДААНД

Се манбаъ дар мақомоти амниятии Тоҷикистон ба хабаргузории Рейтерс тасдиқ кардаанд, ки муфаттишони Русия ба Тоҷикистон омадаанд ва алакай рӯзи сешанбе, 26 марти соли 2024 ба бозпурсии хешовандони наздики 4 муттаҳами асосӣ дар ҳамлаи хунини шоми 22 март дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав, ки 139 кушта ба ҷо гузошт, шурӯъ кардаанд.

Бино ба гузориши хабарнигори Рейтерс дар Душанбе Назаралӣ Пирназаров, “ин манобеъ, ки салоҳияти дар маҳзари ом шарҳ додани қазияро надоранд, хабар доданд, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон хешовандони муттаҳамонро аз шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор ва ҳамчунин аз ноҳияи Рӯдакӣ ба пойтахт, шаҳри Душанбе оварданд. Бино ба маълумоти ин сарчашмаҳо, ҷараёни тафтишотеро, ки ҷониби Тоҷикистон аз тарафи худ пеш мебарад, шахсан президент Эмомалӣ Раҳмон таҳти назорати худ гирифтааст”.

Манобеи Рейтерс дар бораи ҷараён ва натиҷаҳои бозпурсиҳо ягон тафсилот надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигорони радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) дар пайи боздид аз хонаҳои 3 нафар аз 4 муттаҳами асосии ҳамлаи Красногорск дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Ҳисор барои бозпурсӣ ба Душанбе бурдани хешовандони ин 4 нафарро тасдиқ карданд.

Хабарнигорон шоми 25 март ба хонаи Саидакрам Раҷабализода ба шаҳри Ваҳдат рафтаанд, вале  дар хона танҳо яке аз наздиконашро пайдо кардаанд. Ӯ гуфтааст, ки пас аз он ҳодиса мақомоти Тоҷикистон “модар, бародар, ҳамсар ва ду амаки Саидакрам Раҷабализодаро барои бозпурсӣ ба Душанбе бурданд.” Падараш  Муродалӣ солҳо пеш фавтида будааст. Раиси маҳалларо ҳам, ба гуфтаи яке аз сокинон, “мақомот барои суолу ҷавоб бурда будаанд.”

Волидону ҳамсари гумонбари дигар Фаридуни Шамсиддин низ рӯзи 25-уми март дар хонаашон дар деҳаи Лойови шаҳри Ҳисор набуданд. Яке аз хешовандонаш гуфтааст, ки ҳамсар, падару модар ва хушдоманашро ба Душанбе барои бозпурсӣ бурданд.”

Хабарнигорон бо айни вазъ дар хонаи Муҳаммадсобир Файзов дар Душанбе дучор шудаанд.

Шоми 22 март 4 нафари мусаллаҳ ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск ҳамла оварда, издиҳомро қабл аз оғози консерти гуруҳи мусиқии роки “Пикник” тирборон карданд ва гулӯи бархеро низ буриданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт.

Алакай як рӯз баъд ФСБ аз боздошти 11 нафар, аз ҷумла 4 ҳамлагар хабар дод. То имрӯз исми 8 нафари онҳо маълум шудааст. Мутаассифона, 7 нафари онҳо, аз ҷумла ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ зодагони Тоҷикистонанд.

Дар Тоҷикистон хабари даст доштани зодагони ин кишвар дар ҳамлаи хунини террористӣ дар Русия, кишваре, ки таъмини зиндагии аксари хонаводаҳои тоҷик аз он сахт вобаста аст, ҳамаро ба шок овард ва нисбат ба тақдири минбаъдаи азизони муҳоҷирашон сахт нигарон кардааст. Ҳар сол беш аз як миллион аз сокинони Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд.

Бар илова, пойгоҳи ҳарбии 201-ум – бузургтарин пойгоҳи артиши Русия дар хориҷ – дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир шудааст ва дар Душанбе ин пойгоҳ як омили муҳими ҳифзи сулҳу субот дар кишвар арзёбӣ мешавад.

Ба ин далел, Душанбе хоҳони он нест, ки масъалаи иштироки зодагони Тоҷикистон дар ҳамлаи террористии ахир дар канори Маскав рӯи муносибатҳои то кунун дӯстона ва иттифоқчигии ду кишвар соя афканад ё, Худое нохоста, ба ин муносибатҳо латмае бизанад ва боиси боз ҳам бадтар шудани шароити бе ин ҳам начандони хуби муҳоҷирони тоҷик дар Русия шавад.

Ин аст, ки рӯзи  24 март президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефониаш бо президенти Русия Владимир Путин  изҳори омодагии комили кишвараш барои таҳқиқи ин ҳамла ва дар умум барои муборизаи муштарак бо терроризмро баён кард ва тавре манобеи Рейтерс хабар медиҳанд, ҷараёни тафтишро низ зери назорати шахсии худ гирифтааст. Рӯзи 25 март бошад, Эмомалӣ Раҳмон, ки бори аввал дар маҳзари ом ин ҳодисаро шарҳ медод, ҳамлаи Красногорскро “ҳодисаи нангину мудҳиш номид” ва аз сокинон даъват кард, “нагузорем, ки фарзандони мо ба номи неки миллати тоҷик иснод оваранд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button