ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

АКСУ ВИДЕОҲОИ ШИКАНҶАИ БЕРАҲМОНАИ ТОҶИКҲОИ МУТТАҲАМ БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР МАСКАВ

Дар Интернет аксу видеоҳое нашр шудаанд, ки истифодаи шиканҷаи бераҳмона нисбат ба дастикам ду нафар аз 4 тоҷики муттаҳам ба ҳамлаи хунини шоми 22 марти соли 2024 дар шаҳри Красногорски Русияро, ки дастикам 137 кушта ва беш аз 180 захмӣ ба ҷо гузошт, нишон медиҳанд.  

Телеграм-канал ба ҷангҷӯёни ЧВК “Вагнер” наздики  “Грей Зон” аксеро нашр кард, ки дар он лаҳзаи аз сӯи афсарони “спетсназ”-и Русия шиканҷа шудани Фаридуни Шамсиддини 25-сола баъди боздошташ дар ҷангалзоре дар вилояти Брянск сабт шудааст. Дар акс дида мешавад, ки бозҷӯён шими ҷавони тоҷикро то зону поён карда, ба баданаш барқ монданд.

“Грей Зон” дар ҳамин ҳол бо тамасхур менависад, ки гӯё “яке аз муҳоҷирони террористи дастгиршуда аз Тоҷикистон аз ҳаяҷон аз ҳуш рафт ва аз ин рӯ, ба бадани вай “зарядка” монданд. Ва ҳатто бо вуҷуди он, ки ӯ шаҳрванди Русия нест, ҷанговарони спетсназ ҳуқуқи ғро риоя карда, телефонаш доданд, то ки ба адвокат ва сафорат занг бизанад”.

Дар идома ин канал бо лаҳни ҷиддӣ хабар медиҳад, ки “дар асл, ин бозпурсии муқаррарӣ бо кумаки телефони ҳарбии саҳроии ТА-57 (маъруф бо номи “тапик”) аст. Вақте дастаи калобаи онро тоб медиҳед, дар ноқилҳо нирӯи барқ бо шиддати то 80 волт пайдо мешавад, ки онро ба навбати худ ба ангуштон, гӯшҳо ё ба аъзои таносулӣ пайваст мекунанд”.

Ин канал дар идома ҳамчун як манбаи хеле огоҳ аз тарзе шеваҳои шиканҷадиҳӣ “машварат” медиҳад, ки  “ҳамчунин барои таъсири хубтар метавонед ба сару рӯи асир об бирезед”.

Баъди ин шиканҷаҳо, Фаридуни Шамсиддин баёнот дод, киба ҳар кадоми онҳо барои анҷоми ин ҳамла 500 ҳазор рубл ваъда дода буданд ва нисфи ин пулро алакай ба кортҳои бонкиашон гузаронда, 250 ҳазори боқимондаашро бояд баъди анҷоми ҳамла мегузаронданд. Аммо ӯ ин корти гӯё пури пулро нишон дода натавонист ва гуфт, ки ҳангоми фирори бошитобашон аз Маскав корту чизҳои дигарашонро бо худ гирифта натавонистаанд

Шаби 24 марти соли 2024 дар додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав Фаридуни Шамсиддин иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи террористиро пурра ба гардан гирифт.

Рӯзи 23 март дар Интернет видеои такондиҳандае нашр шуд, ки чӣ гуна нирӯҳои “спетсназ”-и Русия дар ҳамон ҷангал дар канори деҳаи Хатсуни вилояти Брянск шаҳрванди дигари Тоҷиктстон Раҷабализода Саидакрами Муродалӣ, соли таваллудаш 1994-ро дастгир карда, гӯшашро бо як шеваи бераҳмона мебуранд. Ва нафақат мебуранд, балки ба даҳонаш меандозанд, ки бихӯрад. Ба болои ин, таҳдидаш мекунанд, ки агар гӯшашро нахӯрад, узви таносулиашро бурида, дар даҳонаш меандозанд ва маҷбур мекунанд, ки бихӯрад.

Шаби 24 март Раҷабализодаро дар ҳоле ба додгоҳ оварданд, ки ба ҷои гӯши росташ як пораи бузурги дока овезон буд. Ӯ ҳам дар додгоҳ гуноҳро ба гардан гирифт.

Муттаҳами дигар –Далерҷон Мирзоеви 32-сола – ҳангоми бозпурсии аввалаш ва ҳамчунин дар додгоҳ дар чунон як ҳолати бехудӣ қарор дошт, ки тавре ба назар мерасид, ҳатто эҳсос намекунад, ки дар куҷост ва дар атрофи ӯ чӣ мегузарад? Ӯ низ дар чунин ҳолат иттиҳоми терроризмро пурра ба гардан гирифт.

Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо бошад ба додгоҳ дар рӯи аробачаи тиббӣ ва дар ҳоле оварданд, ки як чашми ӯ зарби сахт хӯрда ва ба хичакаш катетер васл карда буданд. Ӯ низ иттиҳоми ба зиддашро эълоншударо қабул кард.

Вале аломатҳои ошкори шиканҷа дар сару рӯ ва бадани муттаҳамон ва аксу видеоҳои нашршуда, ки баёнгари истифодаи шиканҷаи бераҳмона нисбат ба онҳост, бисёриҳоро водор мекунад, то ба фарзияи мақомоти Русия дар мавриди маҳз бо дасти ҳамин зодагони Тоҷикистон сурат гирифтани ҳамла ва куштори мардум дар Красногорск бо назари шубҳа нигоҳ кунанд. Корбарон менависанд, ки зери чунин шиканҷа ҳар нафар метавонад ба осонӣ қатли Ленинро ҳам ба калла бигирад.

Дар умум дар робита ба ҳамлаи Красногорск 11 нафар дастгир шуданд, вале аз ин шумор танҳо 4 нафаре, ки тафтишот онҳоро иҷрокунандагони бевоситаи ҳамла мешуморад, ба додгоҳ эҳзор ва ному насаб ва аз Тоҷикистон буданашон эълон шудааст. Дар бораи сарнавишти 7 нафари боқимонда, ҳамчунин дар бораи шахсияти онҳо ва аз кадом кишвар буданашон ҳанӯз маълумоте дар даст нест. ББС бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки ду нафари онҳо кушта шудаанд: яке ҳанӯз дар ҷараёни ҳамлаи шоми 22 март дар “Крокус Сит

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button