ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БА ПУТИН: ТЕРРОРИСТОН НА МИЛЛАТ ДОРАНДУ НА ВАТАН ВА НА ЭЪТИҚОД
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 марти соли 2024 бо президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ин нахустини суҳбати онҳо баъд аз ҳамлаи хунини шоми 22 март ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав буд. Дар он ҳамла, ки масъулияташро созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба дӯш гирифт, дастикам 133 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шуданд. Бо гумони даст доштан дар ин ҳамлаи хунин 11 нафар, аз ҷумла 4 зодаи Тоҷикистон дастгир шудаанд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, дар рафти суҳбат Эмомалӣ Раҳмон кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмааи «Крокус Сити Холл» қатъиян маҳкум карда, таъкид кардааст, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.
“Президенти Тоҷикистон, бо таманниёти шифои оҷил ба осебдидагон, таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ барои аъзои оила ва наздикони фавтидагон бар асари фоҷеаи даҳшатангез иброз намуд. Сарвари давлати мо дар лаҳзаҳои ҳузнангези мотами умумимиллӣ дар Федератсияи Русия ҳамраъйии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мардуми бародари Русия изҳор кард”, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмии Душанбе.
Ҷонибҳо, ҳамчунин алоқамандии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории зич дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва зуҳуроти тундгароии динӣ, ки хатари ҷиддиро ба амният ба бор меоранд, тасдиқ ва ба аҳмияти тавсиаи минбаъдаи ҳамкориҳо барои муборизаи муштарак аллайҳи ин хатарҳо таъкид кардаанд.
Хадамоти матбуоти Кремл дар як иттилоияи кӯтоҳ хабар дод, ки суҳбат бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст: “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин занг зад, то ки изҳори ҳамдардии амиқ ва ҳамбастагӣ бо мардуми Русияро дар робита ба ҳалокати мардуми мулкӣ бар асари ҳамлаи малъунонаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” баён кунад. Ӯ таъкид кард, ки ин ҷиноят ягон тавҷеҳ надорад ва дошта ҳам наметавонад. Дар ҷараёни суҳбат Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки мақомоти вижа ва ниҳодҳои марбутаи Русияву Тоҷикистон дар арсаи муқобила бо терроризм ҳамкории зич доранд ва ин кор боз ҳам фаъолтар гардонда мешавад”.
Рӯзи 23 март Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин дар робита ба ҳамлаи хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” барқияи таслият ирсол карда буд, ки дар он чунин гуфта мешуд:
“Муҳтарам Владимир Владимирович,
Хабари ҳамлаи золимонаи террористӣ ба маҷмааи «Крокус Сити Холл» дар наздикии Москва, ки бар асари он шумораи зиёди шаҳрвандони Русия ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд, боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Мо ин кирдори зӯроварии ғайрииинсониро, ки наметавонад бо ягон далел асоснок карда шавад, қотеона маҳкум мекунем.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Русия таъзияву тасаллиёт ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро иброз менамоям. Хоҳони шифои оҷили ҳамаи осебдидагон ҳастем”.