ВидеоФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

ДАР РӮЗҲОИ ИДИ НАВРӮЗ БОРОН МЕБОРАД. ДАР ДУШАНБЕ ҶАШНИ НАВРӮЗРО ҚАФО АНДОХТАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ хабар дод, ки рӯзҳои 21-22 марти соли 2024, яъне дар рӯзҳои асосии иди Наврӯз, дар қаламрави ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон боридани боронҳои шадид пешбинӣ карда шуда, ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ 7-9 дараҷа пойинтар хоҳад фаромад.

Дар ноҳияҳои кӯҳистон ва кӯҳдомани тобеи марказ ва вилояти Хатлон дар ин рӯзҳо хатари фурӯ рехтани селҳо низ зиёд буда, аз 19 то 23 март дар ноҳияҳои кӯҳистон ва кӯҳдомани тобеи марказ, роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ва ноҳияҳои ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари баланди фурӯ рехтани тармаҳо боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ин далел аз скоинон хостааст, ки тамоми чораҳои бехатариро риоя карда, дар ин рӯзҳо аз рафтан ба манотиқи хатарноки кӯҳистон барои ҷамъоварии гиёҳҳову ҳезум, ҳамчунин аз шикору моҳидорӣ ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳистону кӯҳдоман худдорӣ кунанд.

Аз аҳолӣ ҳамунни хоста шудааст, ки ба хотири пешгирӣ аз оқибатҳои сел ҷӯйҳои селпарторо аз партов ва хасу хошок тоза кунанд.

Кумита ҳамчунин ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳнавардӣ ва сафару саёҳат бо мошину мотосикл ва дучарха тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон қоидаҳои бехатарӣ ва фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Қарори маълум, рӯзи 21 март дар Тоҷикистон тантанаҳои наврӯзӣ бояд оғоз биёбанд.

Шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки азбаски бино ба пешбинии ҳавошиносон, рӯзҳои 21 ва 22 март дар пойтахт ҳавои тағйирёбанда ва боридани борони шадид дар назар дошта шудааст, шаҳрдорӣ замони баргузории чорабиниҳои наврӯзиашро каме ақиб меандозад. Ба ин тартиб, барномаҳои фарҳангии наврӯзии ноҳияҳои пойтахт санаи 23 март дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр ва “Карнавали наврӯзӣ” санаи 24 март, дар нимаи дуюми рӯз дар Майдони Истиқлол, дар маркази шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button