ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ҲАМАГӢ 20 СОЛ ДОШТ: ДАВЛАТ ҚУРБОНОВ АЗ ШАЙДОНИ АШТ ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД

Зодаи Тоҷикистон Давлат Қурбоновро, ки ҳамагӣ 20 сол дошт, рӯзи 12 феврали соли 2024 дар шаҳри Орёли Русия дар қабристони Наугорское ба хок супурданд. Дар ин бора пойгоҳи маҳаллии “Орёлград” хабар дод.

Бино ба иттилои ин нашрия, Давлат Қурбонов аз ӯзбекҳои Тоҷикистон буда, 8 сентябри соли 2003 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ба дунё омадааст.Ӯ соли 2021 мактаби миёнаро хатм карда, ба як коллеҷ дар шаҳри Орёл дохил шуд, вале ба гуфтаи наздиконаш, азбаски аз хурдӣ орзуи сарбоз шуданашро дошт, коллеҷро хатм нокарда, ба хидмати артиш рафт.

8 декабри соли 2023 Давлат Қурбоновро ба ҷанги зидди Украина фиристоданд, вале ӯ ҳамагӣ як моҳ ҷанг кард.

Дар намояндагии маҳаллии Анҷумани ӯзбекҳо ва ӯзбекистониҳои Русия ба “Орёлград” хабар додаанд ки: “Баъди як моҳ, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини артиши Украина, Давлат Қурбонов ҷони худро даст дод”.

Тафсилоти дигари чӣ гуна, кай ва дар куҷои Украина кушта шудани ин ҷавон маълум нест.

Дар ҷамъияти ӯзбекҳои Орёл гуфтаанд, ки ӯ “шаҳид” шуд. Иброҳим Алимов, раҳбари ҷамъияти ӯзбекҳои Орёл гуфтааст: “Қалби ӯ моломоли мардонагӣ ва қатъият буд. Дар айни замон, чеҳраи гами Давлат, ғамхориаш нисбат ба наздикон ва садоқату вафодориаш ба волидон ҳамеша барои қалбҳои мо як намунаи ибрат буду мемонад”.

Вале дар Тоҷикистон фикру ақидаҳо дар бораи иштироки зодагони ин кишвар дар ҷанги Русия ба зидди Украина яксон нест. Бархе бар инанд, ки тоҷикистониҳо бояд ба шарики стратегии кишвари худ Русия дар ин ҷанг кумак кунанд ва бо ин роҳ барои ба як миллион тоҷик ҷои кор доданаш ба Русия изҳори сипос кунанд. Вале дигарон ҷанги Русия ба зидди Украинаро як ҷанги ноодилона ва барои тоҷикистониҳо як ҷанги бегона медонанд ва иштироки зодагони Тоҷикистон дар ин ҷангу худро қурбон кардани онҳоро бемаънӣ мешуморанд.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи гӯё “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард. Тайи ду соли ҷанг, ки мақомоти Русия онро ҳамчунон сарсахтона на ҷанг, балки “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ном мебаранд, аз ҳарду тараф наздики 200 ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан ним миллион одам захмӣ ва 10 миллион украинӣ гуреза шуданд.

Дар байни кушташудагон даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки ба истиснои як ило ду нафар, аксарияти куллаш  аз тарафи Русия меҷангиданд. Бархеи онҳо тоҷиконеанд, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекарданд. Бархеаш муҳоҷироне буданд, ки дар ивази ваъдаи маошу имтиёзҳои хуб, аз ҷумла ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо вазорати мудофиаи ин кишвар қарордод баста, ба ҷанг рафтанд.

Дар Украина то имрӯз беш аз 30 маҳбуси тоҷики зиндонҳои Русия низ кушта шудаанд. Ин маҳбусон ба ваъдаи озодии зудтар аз маҳбас дода шуда, бо ЧВК “Вагнер” ё вазорати мудофиаи Русия қарордод имзо карда, ба ҷанги зидди Украина рафта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button