ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

БОНКҲОИ ТОҶИКИСТОН КОРРО БО СИСТЕМАИ ПУЛФИРИСТИИ CONTACT ҚАТЪ КАРДААНД

Баъди онки Бонки марказии Русия рӯзи 21 феврали соли 2024 бо бозхонди иҷозатномаи бонки Qiwi (Киви), ин ниҳоди молиявиро аз ҳаққи амалиёти бонкӣ маҳрум кард, бисёре аз бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Амонатбонк”, “Ориёнбонк”, “Спитаменбонк”, “Душанбе Сити” ва ташкилоти хурди “Ҳумо”, ҳамкориро бо системаи пулфиристии Contact, ки ба бонки  Киви тааллуқ дошт, қатъ кардаанд. Дар ин бора ин бонкҳо ба хабаргузории русии ТАСС хабар додаанд.

Дар “Амонатбонк” ба ТАСС гуфтаанд, ки “дар мавриди системаи Contact бояд бигӯем, ки мутаассифона, ин система дар бонки мо кор намекунад”.  Дар “Спитаменбонк” ва “Ҳумо” низ ба ин хабаргузорӣ айни маълумотро додаанд. Дар “Ориёнбонк” гуфтаанд, ки “интиқоли пул тавассути Contact фаъол нест”. Дар бонки Dushanbe City, ки қаблан муштариён метавонистанд ҳамёни электронии Киви низ бикушоянд, гуфтаанд, ки дигар чунин амалиётро анҷом намедиҳанд ва системаи пулфиристии Contact  ҳам дар ин бонк дигар кор намекунад.

Системаи пулфиристисии Contact, бар асоси феҳристи шабакаҳои пулфиристии Бонки миллии Тоҷикистон, бори аввали соли 2018 барои анҷоми амалиёти пулфиристӣ ба Тоҷикистон иҷозатнома гирифта, баъди анҷоми ин муҷаввизаш бори дуюм соли 2021 иҷозатнома ба даст овардааст, ки он то сентябри соли 2026 кор мекунад.

Аммо 21 феврали соли 2024 Бонки марказии Русия иҷозатномаи Qiwi-бонк барои анҷоми амалиёти бонкиро бозпас гирифт. Аз лиҳози ҳаҷми фаъолиятҳояш бонки Киви дар Русия дар мақоми 89-ум қарор дошт. Бонки марказии Русия Кивиро ба идомаи анҷоми амалиёти рискашон бузург, мавридҳои бо нақзи қонун ва бо сӯиистифода аз маълумотр шаҳрвандон ва бидуни огоҳии онҳо кушодани ҳамёнҳои Киви, пайваста вайрон кардани талаботи қонун дар бахши муқобила бо шустушӯи пулҳои бо роҳҳои ҷ ҷиноӣ ба даст омада ва имкон додан ба маблағгузории терроризм айбдор кард.

Шабакаи пулфиристии Contact нахустин шабакаи пулфиристии Русия ба шумор меравад. Он ҳанӯз соли 1999 аз ҷониби “Русславбанк” ташкил шуда, аз соли 2015 ба бонки Киви тааллуқ дошт. Шабакаи Contact беш аз 900 бонкро дар Русияву кишварҳои дигар муттаҳид карда, бо беш аз 10 ҳазор ширкату муассисаҳои мухталиф ҳамкору шарик буд ва дар беш аз 180 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Тоҷикистон беш аз  670 ҳазор нуқтаи додани пул дошт.

Баъди таҳти таҳримоти Амрико қарор гирифтани “Юнистрим”, “Золотая корона” ва Contact шабакаҳои аз ҳама маъруфи пулфиристӣ ба шумор мерафтанд. Дар Тоҷикистон, ки “Золотая корона” ҳаққи интиқоли пул надорад, баъди дучори мушкилот шудани “Юнистрим”, Contact яке аз шабакаҳои пулфиристии пештоз дониста мешуд.

Ҳар сол аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон чанд миллиард доллар пул фиристода мешавад. Аксари ин пулҳо тавассути шабакаҳои пулфиристӣ ирсол мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button