ВарзишВидео

ҒАЛАБАИ СЕЮМИ МУҲАММАД НАИМОВ ДАР UFC! ИН ДАФЪА ҲАМ БО НОКАУТ! (ВИДЕО)

Шаби 24 ба 25 феврали соли 2024 дар шаҳри Мехико, пойтахти Мексика, мусобиқаи бонуфузи UFC Fight Night 237 доир шуд. Карди асосии ин мусобиқаи яке аз муътабартарин лигаи ҷаҳонии ҷангҳои бидуни қоида (ММА) бо набарди размандаи 29-солаи тоҷик Муҳаммад (Муҳаммадҷон) Наимов  ва Эрик Силва аз Венесуэла дар вазни то 66 кило оғоз ёфт.

Ин набард бо пирӯзии пеш аз муҳлати Муҳаммад Наимов алакай дар даври аввал анҷом ёфт. Наимов бо як зарбаи сахт ҳарифашро ба нокаути фаннӣ фиристод. Силва пешпо хӯрда афтид ва пояш чунон сахт лат хӯрд, ки дигар набардро идома дода натавонист.

Ин алакай пирӯзии 12-уми Муҳаммад Наимов дар ҷангҳои бидуни қоида буда, ӯ ҳамагӣ ду маротиба шикаст хӯрдааст. Барои Эрик Силва ин алакай шикасти сеюм дар 12 набардаш буд.

Лозим ба зикр аст, ки  Муҳаммад Наимов дар камтар аз як соли ҳунарнамоияш дар лигаи UFC инак бори сеюм ба майдон баромад ва ҳарсе набардашро дар ин лигаи муътабар бо пирӯзӣ анҷом дода, то ҳол ягон бор шикаст нахӯрдааст.

Муҳаммад Наимов баъди пирӯзиаш бар Силва  тоқии чакани кӯлобӣ дар сар гуфт, ин пирӯзиро дар Тоҷикистон хеле сахт мунтазир буданд ва ӯ ба мухлисони худ, бахусус ба бачаҳои ғариб дар Русия изҳори сипос мекунад. “Ҷонам фидоят, Тоҷикистон! Дӯстатон дорам. Бахусус бачаҳои ғариби мо дар Русия. Хеле хушнудам аз инки як лаҳза ҳам бошад, дилатонро бо ин ғалаба шод карда тавонистам!”, – изҳор дошт паҳлавони тоҷик хитоб ба мухлисонаш.

Муҳаммад Наимов 7 августи соли 1994 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст ва ба се забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ балад аст. Ӯ ҳунарнамоияш дар варзишро аз таэквондо сар карда, соли 2010 унвони қаҳрамони Осиё дар байни ҷавононро ба даст овард ва соли 2012 дар чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон низ сазовори медал шуд. Аз соли 2016 Наимов ба ММА гузашт ва то соли 2018 дар мусобиқаҳои ҳаваскорон ҳунарнамоӣ карда, аз соли 2018 дар сатҳи ҳирфаӣ қувваозмоӣ мекунад: Ӯ чанд дар лигаи Titan FC ҳунарнамоӣ кард ва аз 2019 талош дошт, то ба UFC роҳ биёбад. Соли 2023 Муҳаммад Наимов билохира, аз сӯи раҳбари UFC Дана Уайт даъват гирифт ва он ҳам дар охирин лаҳза, ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз шурӯи мусобиқа. Наимов бидуни ягон тайёрӣ худро ба  майдони UFC зад ва то имрӯз дар ҳар се набарди дар UFC  анҷомдодааш пирӯзӣ ба даст оварда, собит кард, ки Дана Уайт бо даъвати ӯ хато накардааст.

Ёдовар мешавем, Муҳаммад Наимов 4 июни соли 2023 дар шаҳри Лас-Вегаси аёлати Невадаи Амрико нахустин набардашро дар UFC (Ultimate Fighting Championship) бо пирӯзии мутлақу бечунучаро анҷом дод: Муҳаммад алакай дар поёни даври дуюми набард рақиби ҳамсолаш аз Австралия Ҷейми Малларкиро бо як ҳук ё зарбаи сахт аз тарафи рост ба нокаут фиристод ва нафақат пирӯзии пеш аз муҳлатро ба даст овард, балки набарди ӯ “Беҳтарин набарди шаб” дониста шуда, ба Муҳаммад 50 ҳазор доллар ҷоизаи иловагӣ ҳам овард.

Шоми 21 октябри соли 2023 дар мусобиқоти ҷангҳои бидуни қоида (ММА) UFC 294 дар шаҳри Абӯ Забии Имороти Муттаҳидаи Араб, размандаи тоҷик Муҳаммад Наимов Натаниэл Вуд аз Инглистонро шикст дода, пирӯзии дуюмашро  дар UFC ба даст овард.

UFC муътабартарин лигаи ҷаҳонии ҷангҳои бидуни қоида (ММА) ба шумор меравад. Аз соли 2022 ба ин тараф а 4 разманда аз Тоҷикистон – Муҳаммад Наимов, Муин Ғафуров, Нурулло Алиев ва Лоиқ Раҷабов муяссар шуд, ки ба ин лига роҳ биёбанд. Муҳаммад Наимов дар UFC алакай се пирӯзӣ ва Нурулло Алиев як ғалаба ба даст овардаанд, вале Муин Ғафуров ва Лоиқ Раҷабов ҳанӯз ҳисоби пирӯзиҳои худро дар ин лига боз накардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button