ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ЧАНД НАТИҶАИ ДУ СОЛИ ҶАНГИ РУСИЯ БА ЗИДДИ УКРАИНА: НИМ МИЛЛИОН КУШТАЮ ЗАХМӢ, 10 МИЛЛИОН ГУРЕЗА…

Аз оғози ҷанги Русия ба зидди Украина ду сол гузашт. Артиши Русия рӯзи 24 феврали соли 2022 ба қаламрави Украина ҳамла овард. Тайи ду соли ҷанг аз ҳарду тараф беш аз ним миллион нафар куштаю захмӣ шуданд, беш аз 10 миллион нафар гуреза шуданд, аз ҷумла 6 миллиону 400 ҳазор украинӣ ба хориҷ паноҳ бурданд.  Даҳҳо шаҳру садҳо шаҳраку деҳа  вайрону валангор гардида, зарари расида аз ин ҷанг алакай садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати то рӯзи 24 феврали соли 2024, 18 фоизи қаламрави Украина аз сӯи Русия ишғол шудааст. 7 фоизи ин сарзаминҳо аз соли 2014 аз зери назорати Украина берун карда шуда буд, 11 фоизи дигарашро артиши Русия дар аввали ҷанг ишғол кард. Дар аввали ҷанг Русия масоҳати ба маротиб бештари қаламрави Украинаро ишғол карда буд, вале артиши Украина ба тадриҷ ба худ омада, нирӯҳои Русияро аз вилоятҳои Киеву Харков ва соҳили рости дарёи Днепр, аз ҷумла аз шаҳри Херсон ронд. Русия, ки нимҷазираи Қримро ҳанӯз соли 2014 моли худ эълон карда буд, бахди ҷанги ахир бо баргузории раъйпурсиҳои қалбакӣ 4 вилояти Донетсу Луҳанск ва Херсони Запорожеро ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Вале ин дар ҳолест, ки то ҳол на ҳамаи қаламравҳои ин 4 вилоят зери назорати Русия дароварда шудаанд. Марказҳои ду вилояти Херсону Запороже ҳам дар дасти Украина қарор доранд.

Ҷонибҳо аз нашри омори талафоти худрӯ худдорӣ мекунанд. Вале моҳи декабри соли 2023 ниҳодҳои ҷосусии Амрико дар бораи  315 000 афсару аскари куштаву захмӣ гузориш дода буданд. Моҳи августи соли 2023 нашрияи амрикоии “Ню-Йорк таймс”  хабар дод, ки ба ҳисоби мақомҳои Амрико, аз ҷониби Украина 70 000 сарбоз кушта ва аз 100 000 то 120 000  нафар захмӣ шудаанд ва талафоти ҷониби Русия нисбатан бештар аст: аз аввали ҷанг то моҳи августи соли 2023 аз тарафи Русия 120 000 аскару афсар кушта ва 170 000-180 000 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Дар ин ҷанг беш аз 100 тоҷик низ кушта шуданд. Аксари онҳо аз тарафи Русия ба ҷанг бурда шудаанд. Дар байни тоҷикҳои кушташуда беш аз 30 маҳбус низ ҳаст, ки онҳоро бо ваъдаи озодии зудтар аз зиндонҳои Русия ба ҷанги зидди Украина бурдаанд.

Аз аввали ҷанг беш аз 10 миллион украинӣ маҷбур шудаанд, ки хонаю дари худро тарк карда, гуреза шаванд. Аз ин шумор 6,4 миллионаш  ба хориҷ паноҳ бурдаанд, аз ҷумла 6 миллионаш дар кишварҳои Аврупо макон ёфтаанд. 1,1 миллион украинӣ дар Олмон, 957 ҳазораш дар Полша (Лаҳистон) ва 376 ҳазораш дар Чехия паноҳанда шудаанд. Боз  3,7 миллион украинии дигар дар дохили кишвари худ гуреза шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҷараёни ҷангҳо нишон медиҳад, ки тарафҳо дар як соли охир тақрибан ягон пешрафти қобили мулоҳиза накардаанд. Хатти ҷабҳа, ки қариб 1000 километрро ташкил медиҳад, дар моҳҳои охир, тақрибан тағйир наёфтааст ва ҷонибҳо ба ин далел ишғоли ҳатто ягон деҳа, ё шаҳрак ва ҳатто ягон пул ё баландиро ҳамчун “пешрафти ҷиддӣ” намоиш доданӣ мешаванд.

Нил Мелвин, мудири бахши таҳқиқоти амнияти байналмилалӣ мегӯяд, ин ҳама аломати он аст, ки ҷанг вориди бунбаст шудааст: “Ҳоло ҷанг дар сангарҳо (позиционная война) идома дорад ва ҳарду тараф кӯшиш мекунанд, ки нирӯи ҷониби дигарро ҳадалимкон заифтар бисозанд. Ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳо дар ҳоли ҳозир имкони пешрафти қобили мулоҳизаро надорад”.

Манбаъ: https://liveuamap.com

Ва аммо Украина дар як соли охир дар баҳри Сиёҳ тавонист ба пешрафтҳои ҷиддие даст биёбад. Ба ақидаи Питер Ликинсон, сардабири  Atlantic Council дар Украина, “зарбаҳо ба киштиҳои Русия ба Украина имкон дод, ки флоти Русияро ба ақибнишинӣ аз соҳилҳои Украина водор кунад ва роҳро барои содироти ғаллаи Украина ба хориҷ бикушоянд. Ин муҳимитарин тағйироти як соли охир дар ҷанги Русия ба зидди Украина аст”.

 Кишварҳои Ғарб дар ин низоъ ба сурати ошкор аз Украина пуштибонӣ карда, ба зидди Русия таҳриомоти сангине ҷорӣ ва ба Украина даҳҳо миллиард доллар кумак расонданд. Танҳо кумакҳои то имрӯз расондаи Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Украина то имрӯз беш аз 210 миллиард евроро ташкил медиҳанд ва боз тақрибан 110 миллиарди дигар ё дар роҳ аст ваё дар дасти баррасӣ. Дар аввали моҳи феврали соли 2024 Иттиҳоди Аврупо бастаи нави кумакҳо ба Украина ба маблағи 50 миллион евроро тасдиқ кард. Амрико низ як бастаи нави кумакҳо иборат аз 60 миллиард долларро ба Украина ваъда додааст, вале вакилони ҷумҳурихоҳ дар Конгресс ба он феълан вето гузоштаанд.

То имрӯз донори аз ҳама бузурги Украина Иттиҳоди Аврупост, ки бино ба ҳисоби Пажуҳишгоҳи Кил, аз 24 январи соли 2022 то 15 январи соли 2024 ба Киев беш аз 144 миллиард евро ҷудо кардааст. Амрико бо 67 миллиард евро дар ҷои дуюм аст, вале аз лиҳози ироаи кумакҳои ҳарбӣ, Амрико бо 42 миллиард доллар кумакҳои ҳарбӣ таъминкунандаи асосии артиши Украина шумурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button