ВарзишВидеоСиёсат

МИТИНГУ РОҲПАЙМОӢ БА ТАРАФДОРӢ АЗ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ ВА ИСТАРАВШАН (25 АКС)

Рӯзи 21 феврали соли 2024 бо иштироки қариб 10 ҳазор нафар дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе раҳпаймоӣ ва гирдиҳамоӣ ба тарафдорӣ аз Рустами Эмомалӣ доир шудааст.

Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе бо нашри чанд акс аз ин чорабинӣ хабар дод, ки  бо ибтикори шаҳрдории Душанбе аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт “бо мақсади ҳамовозӣ ва ҷонибдории ҷавонону варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногуни пойтахт оид ба пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони “Рӯзи ҷаҳонии футбол” тариқи қабули қатъномаи махсус аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷалби наздик ба 10 000 нафар ҳамоиш ва роҳпаймоӣ баргузор карда шуд”.

Бино ба иттилоияи расмӣ, ҳамоиш дар назди “Шаршара” – и “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе ва роҳпаймоӣ аз назди шаршараи Наврӯзгоҳ тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то пули мошингузар баргузор  шуда, “дар ин ҳамоиш ва роҳпаймоӣ иштирокчиён бо руҳу илҳоми болида иштирок намуда, аз пешниҳоди Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ҷонибдорӣ карданд”.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти шаҳрдории Истаравшан хабар дод, ки рӯзи 23 феврали соли 2024 дар Истаравшан низ бо иштироки “ҳазорҳо нафар” ба нишони ҳамовозӣ аз пешниҳоди Рустами Эмомалӣ дар мавриди эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол “роҳпаймоии осоишта” доир шудааст. Гуфта мешавад, раҳпаймоён бо аксҳои Эмомалӣ Раҳмону Рустами Эмомалӣ ва шиору овезаҳ тавассути хиёбони Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ карда, дар майдони “Нишони давлатӣ” ҷамъ омаданд. Дар инҷо шаҳрдори Истаравшан Адҳам Маъмурзода суханронӣ карда, ҳамовозии ҷавонону варзишгарони Истаравшан аз пешниҳоди Рустами Эмомалиро қобили дастгирӣ хондааст. Дафтари матбуоти шаҳрдории Истаравшан гуфт, “ҳамоиш бо суруду оҳангҳои ватандӯстона ҷамъбаст гардид”.

Ёдовар мешавем,  раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки ҳамзамон президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон  ва президенти Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) низ ҳаст, рӯзи 9 феврали соли 2024 бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, тариқи қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милал як рӯзро расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кунад.

Рустами Эмомалӣ дар пешниҳодаш ба СММ, аз ҷумла таъкид кардааст, ки “…ин намуди варзиш падидаи фарҳанги умумиҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур менамояд. Ин як варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони универсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд. Бо назардошти ин пешниҳод дорам, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол расман эълон гардад”.

Дар ҳоли ҳозир, бо пешниҳоди Созмони Милал ҳар сол рӯзи 10 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии футбол таҷлил карда мешавад, вале ин иди расмӣ нест.

Бархе таҳлилгарон ба ҷанбаи сиёсии ҳам пешниҳоди Рустами Эмомалӣ ва ҳам баргузории ҳамоишу раҳпаймоӣ ба тарафдорӣ аз ӯ ишора мекунанд ва онро ба интиқоли қарибулвуқӯи курсии раҳбари аввали Тоҷикистон аз падараш Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ рабт медиҳанд. Ин нақшаи интиқоли қудрат чандин сол боз дар дасти баррасӣ қарор дорад, вале ҳар дафъа ба далелҳои мухталиф ба ақиб андохта мешавад.


Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button