ВарзишВидео

АРЗИШИ ДАРВОЗАБОНИ ТОҶИК РУСТАМ ЯТИМОВ ДАР БОЗОР БА 1,2 МИЛЛИОН ЕВРО РАСИД

Дарвозабони тими миллии футболи Тоҷикистон ва бошгоҳи “Истиқлол»-и Душанбе Рустам Ятимов, тибқи арзёбии пойгоҳи  Тransfermarkt,  то ба 1 миллиону 200 ҳазор евро боло рафтааст. Ҳамин тариқ, ӯ мақоми гаронарзиштарин дарвозабони Осиёи Марказӣ ва гаронбаҳотарин футболбози Тоҷикистонро ба даст овард. Илова бар ин, Ятимов ба даҳгонаи гаронарзиштарин футболбозони Осиёи Марказӣ шомил шуд. Лозим ба зикр аст, ки арзиши Рустам Ятимов, тибқи арзёбиҳои ин пойгоҳ, дар як соли охир ду маротиба боло рафтааст. Моҳи декабри соли 2022 арзиши Рустам Ятимов 500 ҳазор евро, моҳи августи соли 2023 алакай 750 ҳазор евро ва моҳи декабри соли гузашта 900 ҳазор евро гуфта мешуд.

Арзиши умумии аъзои тими миллии Тоҷикистонро “Трансфермаркт” 8 миллиону 340 ҳазор евро баровард кардааст.

Маҳз ҳунарнамоии ба таври боварнокарданӣ олии тими миллии Тоҷикистон ва бавижа Рустам Ятимов дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар Қатар сабаби чунин боло рафтани арзиши футболбозони тоҷик дар бозори ҷаҳонӣ шудааст. Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё бори аввал дар таърихаш то ба даври чорякниҳоӣ расид. Рустам Ятимовро аксари мутахассисони футбол як кашфиёти Ҷоми Осиё -2023 ва беҳтарин дарвозабони ин мусобиқот мешуморанд.

Рустам Ятимов 13 июли соли 1998 дар шаҳри Нижний Новгороди Русия ба дунё омадаст. Падари ӯ Бобораҳим Ятимов тоҷик ва зодаи деҳаи Ҷӯйбодоми ҷамоати Чоряккорон аст, модараш– аз Русия.

Рустам Ятимов машқи футболро дар мактаби варзишии “Волга-СДЮСШОР-8” оғоз карда, соли 2016, алакай дар синни 18 бо тими “Волга” (Нижний Новгород) қарордод баст. Аммо ин тим банкрот шуд ва Ятимов маҷбур шуд, дар пайи ҷустуҷӯи бошгоҳи дигар шуд.

Ҳамон вақт буд, ки ҳамдастааш дар “Волга” Искандар Ҷалилов занг зад ва гуфт, ӯро мехоҳанд дар  Душанбе дар бошгоҳи “Истиқлол” бубинанд. Дар “Истиқлол” ба Рустам Ятимов ваъда доданд, ки барояш шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳам мегиранд ва ӯ метавонад дар саффи тими миллии Тоҷикистон бозӣ кунад. Сармураббии вақти “Истиқлол” ситораи машҳури футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев  Рустам Ятимовро ба саффи ин бошгоҳ пазируфт ва бо дарвозабони он вақт ҳамагӣ 19-сола қарордоди панҷсола имзо карданд. Аммо гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон як сол тӯл кашид ва Рустам Ятимов соли 2017 аслан ба майдон баромада натавонист ва соли 2018 низ дар аввал дар саффи “Истиқлол” ҳамчун легионер ҳунарнамоӣ мекард. Аммо билохира дар соли 2018 ба Рустам Ятимов шаҳрвандии Тоҷикистонро доданд ва ӯ худи ҳамон сол се дафъа дар ҳайъати тими олимпии Тоҷикистон ба майдон баромада, 11 июни соли 2019 дар бозии рафиқона бо Афғонистон, ки бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт, бори нахуст дар ҳайъати тими миллии Тоҷикистон ба майдон баромад. Ҳоло Рустам дарвозабони №1-и ҳам “Истиқлол” ва ҳам тими миллии Тоҷикистон аст.

Бар асоси натиҷаҳои соли 2023 Рустам Ятимов футболбозони беҳтарини сол ва дарвозабони беҳтарини соли Тоҷикистон эътироф шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button