ВарзишВидео

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АБУБАКР ШЕРОВ НИШОНИ НУҚРАИ “GRAND SLAM BAKU 2024”-РО БА ГАРДАН ОВЕХТ (ВИДЕО)

Паҳлавони ҷавону ояндадори тоҷик Абубакр Шеров рӯзи 17 феврали соли 2024 дар мусобиқаи  бонуфузи гуштини дзюдо (ҷудо) “Baku Grand Slam 2024” дар вазни то 73 кило сазовори ҷои дуюм ва нишони нуқра шуд. Ин нахустин медали паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаҳо аз силсилаи “Гранд Слам” дар соли 2024 аст.

Абубакр Шеров дар вазни -73кг то расидан ба финал  бар Александру Раику (Руминия), Михаил Бахбахашвили (Гурҷистон), Карим Абдулоев (Имороти Муттаҳидаи Араб), Артур Маргелидон (Канада) ва Аюб Хоҷалиевро (дастаи варзишгарони фардии бетараф) дастболо шуд.

Дар даври ниҳоӣ Абубакр Шеров бо Ҳидоят Ҳайдаров аз Озарбойҷон, ки дар раддабандии ҷаҳонии гуштини ҷудо дар вазни то 73 кило мақоми аввалро дар даст дорад, вориди рақобат шуд, вале муттаассифона, ин дафъа бахт ба рӯи паҳлавони тоҷик нахандид ва дар як рақобати ба сурати умум баробар аз паҳлавони намояндаи тими мизбон шикаст хӯрд.

Мухлиси гуштин Абубакр Бачамардов ҳунарнамоии Абубакр Шеров дар Боку, аз ҷумла дар муқобили Ҳидоят Ҳайдаровро “майдондории шердилона” ба қалам дода, навиштааст:

“Имрӯз дар Grand Slam Baku 2024 ҷудокори ҷавон ва умедбахш Абубакр Шеров шердилона майдондорӣ намуд. Панҷ рақиби худро бо ҷаззобтарин усулҳои ҷудо мағлуб намуд. Дар қисмати ниҳоӣ бар ҷудокори рақами 1-и ҷаҳон дар вазни -73 Ҳайдар Ҳидоятов хеле моҳирона ва тактикӣ нерӯ санҷид. Ду бор аз имкониятҳои хуб рақиби худро наздик ба шикаст овард. Аз ҷиҳати кандани қапиш ва қувва Абубакр бартарӣ ҳам дошт. Бо каме иштибоҳи андак рақобатро ба суди ҳариф анҷомид. Ин ҷойи 2-юм як ҷилои тоза ва насими наве дар ҷудои тоҷик вазид. Ин боз як таърихсозии навини ҷудокори 20 солаи тоҷик буд, ки соли ҷудои тоҷикро бо ин пирӯзӣ оғоз бахшид. Шореҳи рус хуб қайд, кард, ки: “хеле ҷудокори хатарнок ба майдон омад. Ин ҷавон чунон бошиддат рақобат кард, ки ҳатто ҷудокори рақами 1-и вазни -73 шаҳди пирӯзиро бо хурсандӣ истиқбол накард”.

Абубакр Шеров ҳамагӣ 20 сол дошта, зодаи кӯчаи Қаротегин дар канораҳои шарқии Душанбе ва фарзанди соҳибкор Саидмӯъмин Шеров аст. Чун аксари дигар ҳамсолонаш қисмати зиёди даврони тифлии Абубакр Шеров низ дар хориҷ аз Тоҷикистон дар муҳоҷират гузаштааст.

Возможно, это изображение 2 человека, люди занимаются боевыми искусствами и текст «JUDO P»

Абубакр Бачамардов менависад, ки бо Абубакр Шеров соли гузашта баъди гирифтани ҷойи 3-ум дар Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон суҳбат дошт.

“Хеле ахлоқи баланд ва тамкини заминӣ дорад. Гуфтам, ки додари азиз касбӣ ва ғофилгирона мубориза мебарӣ. Боварӣ дорам, ки аз ифтихороти ҷудои меҳан мешавӣ. Имрӯз мо шоҳиди ин ифтихорофаринӣ будем. Мураббияшон Фотеҳ Маҳмадбеков доимо қайд мекунанд, ки хеле бачаи меҳнатӣ аст. Бо зеҳн ва дарки хуб гуштин мегирад. Пайваста дар тамрин аст. Ин нишон медиҳад, ки интизоми варзишӣ (дисциплина) бошад шаҳди пирӯзӣ ҳатман чашида мешавад.  Дуруду аҳсант, Абубакр”, навиштааст Абубакр Бачамардов.

Мусобиқаи “Baku Grand Slam 2024”  бо иштироки тақрибан 500 паҳлавон аз 65 кишвари дунё дар пойтахти Озарбойҷон 16 феврал оғоз ёфт ва то 18 феврал давом мекунад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар – 8 мард:  Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Абубакр Шеров, Умедҷон Раҷабов (-73кг), Сомонӣ Кишваров (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100кг), Мансур Раҳмон, Шакармамад Мирмамадов (+100кг) вв 4 зан:  Шукрона Қарчиева (-48кг), Аҳлия Муъминова (-52кг), Фазилат Гулбоева (-57кг) ва Мавлуда Одинаева (-63кг)  намояндагӣ мекунанд.

Варзишгарон барои иштирокашон хол ба даст оварда, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар мекунанд. Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медалҳо ҷоизаи пулӣ низ мегиранд: барои ҷои аввал 5000 евро, ҷои дуюм – 3000 евро ва барои ҷои сеюм 1500 евро.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button