ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҶанг дар Украина

МАРГИ ПУРАСРОРИ МУХОЛИФИ САРСАХТИ ПУТИН АЛЕКСЕЙ НАВАЛНИЙ ДАР ЗИНДОНИ РУСИЯ

Алексей Навалний, яке аз чеҳраҳои намоёни мухолифини режими президенти кунунии Русия Владимир Русия, ки дар маҳбаси №3 дар минтақаи Харпи ҳавзаи мухтори Ямалу Ненетс адои ҳукм мекард, дар зиндон ҷони худро аз даст додааст. Дар ин бора идораи Хадамоти федеролии зиндонҳри Русия (ФСИН) дар ҳавзҳаи Ямалу Ненетс хабар дод.

Дар баёнияи ФСИН омадааст, ки “16-уми феврали соли 2024 дар муассисаи ислоҳии рақами 3, маҳкумшуда Навалний А.А. пас аз сайру гашт худро бад ҳис карда, аз ҳуш рафт. Кормандони бахши тиббии муассисаи ислоҳӣ дарҳол ҳозир шуда, Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карданд. Зимни расонидани ёрии таъҷилӣ, табибон чораҳои заруриро барои эҳё анҷом доданд, вале кумакҳои онҳо натиҷаи мусбат надод. Табибони “Ёрии таъҷилӣ” марги маҳбусро тасдиқ карданд. Сабабҳои марги маҳкумшуда муайян карда мешавад.”

Навалний ҳамагӣ 47 сол дошт. Леонид Соловёв, адвокати Навалний гуфт, бори охир адвокат бо ӯ рӯзи чоршанбе, 14 феврал дар зиндон мулоқот дошт ва аҳволи Навалний хуб буд. Ҳомиёни ҳуқуқ низ гуфтаанд, ки Навалний ба онҳо аз саломатиаш шикоят накарда буд.

 Алексей Навалний мухолифи сарсахти президенти Русия Владимир Путин буда, чанд сол пеш дар фурудгоҳи Томск заҳролудаш карда буданд. Ӯ он вақт барои табобат ба хориҷа рафт, вале баъди анҷоми табобат бо вуҷуди ҳушдорҳои зиёд, ба Русия баргашт ва моҳи январи соли 2021  баробари расидан ба фурудгоҳи Маскав дастгир шуд.

Моҳи августи соли 2023 Навалнийро бо ҷурми ташкил ва сармоягузории созмони ифротӣ додгоҳе дар пойтахти Русия ба 19 сол равонаи зиндон намуд. Аммо Навалний ҳукми додгоҳро дорои ангезаҳои сиёсӣ дониста, худро бегуноҳ меҳисобид. Кишварҳои Ғарб ва ҳомиёни ҳуқуқ низ Алексей Навалнийро маҳбуси сиёсӣ медонанд ва борҳо аз ҳукумати Русия талаб кардаанд, то ӯро бидуни қайду шарт ва фавран озод кунад.

То 23-юми декабри соли 2023 Навалний ҳукми худро дар муассисаи ислоҳии рақами 6-и вилояти Владимир адо мекард. Вале ӯ дар санаи 26-уми декабри соли 2023 хабар дод, ки ӯро “ба зиндони низомаш махсус дар минтақаи Ямалу Ненетс интиқол додаанд”.

Марги мармузи Навалний мавҷи вокунишҳои байналмилалиро ба бор овардааст. Раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел гуфт, Иттиҳоди Аврупо режими ҳокими Русияро масъули мутлақи марги фоҷиавии Навалний мешуморад. “Ҷанговарон мемиранд, вале мубориза барои озодӣ ҳеҷ гоҳ ба поён намерасад”, гуфт Шарл Мишел.

Президенти Украина Владимир Зеленский шахсан президенти Русия Владимир Путинро дар марги Навалний гунаҳкор кард ва гуфт, Путин ба хотири ҳифзи курсӣ ба куштори ҳар касе даст мезанад. “Барои ҳамин ӯ бояд Путин ҳама чизашро аз даст диҳад, ҳама чиро бой диҳад ва барои кирдораш ба ҷавобгарӣ кашонда шавад”, изҳор дошт Зеленский.

Тобиас Биллстрем, вазири хориҷаи Шветсия марги Навалнийро хабаре даҳшатбор ва “боз як ҷинояти мудҳиши режими Путин” номид. Марк Рютте, сарвазири Ҳолланд низ марги Навалнийро баёнгари “бераҳмии бемислумонанди режими Русия” номид ва гуфт, “Навалний дар як шароити шадид ва ғайриинсонӣ адои ҳукм мекард ва худро дар роҳи озодӣ қурбон кард”.

Александр де Кро, сарвазири Белгия гуфт, ин марг бори дигар ба сабаби ҳимояти Аврупо ва Ғарб аз Украина таъкид мекунад. “Русия дар Украина набояд пирӯз шавад”, гуфт де Кро.

Ян Липавский, вазири хориҷаи Чехия гуфт, “Русия ба як давлати бетараҳҳуме табдил ёфтааст ва онҳоеро, ки орзуи ояндаи беҳтареро доранд, ба мисли Немтсов ва Навалний танҳо барои мухолифини Путин буданашон ба зиндон меандозад ва бо азоб мекушад”.

Вазири хориҷаи Фаронса Стефан Сежурне  марги Навалний дар зиндонро “баёнгари воқеиятҳои режими Владимир Путин” номид ва гуфт, ки Навалний “барои муқовиматаш ба истибдод ҷони худро қурбон кард”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Низоми давлатдории “миллати масеҳии сафедпӯсти аврупоӣ” бо 18-миллион километри квадратӣ сарҳади давлатӣ агар мисли низоми кишварҳои ғарбӣ демократӣ бошад, талхаи амрикову аврупо ҷо ба ҷо мекафад, аз ин рӯ путин ҳар ғалате мекунад, бошад!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button