ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ЯКЕ АЗ ШАРИКОНИ САЛИМҶОН НАСРИДДИНОВ ДАР ДОДГОҲИ АМРИКО СОДИРОТИ МОЛҲОИ МАМНӮЪ БАРОИ АРТИШИ РУСИЯРО БА ГАРДАН ГИРИФТ

Сокини шаҳри Монреал Кристина Пузирёва, ки шаҳрвандии Русияву Канадаро дорад, дар додгоҳи федералии Бруклини аёлати Ню-Йорки Амрико иттиҳоми шустушӯи пулҳои бадастомада аз ирсоли молҳои мамнӯъ барои корхонаҳои саноати ҳарбии Русия, аз ҷумла қисмҳои электронӣ барои ҳавопаймоҳои бесарнишин, шабакаҳои мушакӣ ва дигар техникаи ҷангиро ба гардан гирифтааст.   

Дар ин бора рӯзи 12 феврали соли 2024 вазорати адлияи Амрико хабар дод.

Ба Пузирёва то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Аммо эътирофи гуноҳ имкон медиҳад, ки парвандаи Пузирёва ба сурати осон ва зудтар баррасӣ шуда, барои ҳамкориаш бо тафтишот ба ӯ ҳукми сабуктаре бидиҳанд.

Кристина Пузирёваи 32-сола, шавҳари 37-солаи хӯ Николай Голтсев, ки ӯ ҳам шаҳрвандии ҳам Русияву ҳам Канадаро дорад, ва Салимҷон Насриддинов, шаҳрванди Тоҷикистону Русия, ки 53 сол дошта, зодаи Панҷакент аст, рӯзи 31 октябри соли 2023 дар Ню-Йорк бо иттиҳоми ба Русия қочоқ кардани маҳсулоти электронии таҳти таҳрим дастгир шуданд.

Дар санадҳои додгоҳӣ гуфта мешавад, ки Пузирёва, Голтсев ва Насриддинов тибқи маслиҳат бо 4 нафар дар дохили Русия, ки дар ширкатҳои бузурги электроника кор мекунанд, ба корхонаҳои ҳарбии Русия молҳои мамнӯъ мефиристоданд. Бархе аз молҳои фиристодаи онҳоро баъдан дар тонку чархболу дронҳо ва дигар техникаи ҳарбии Русия, ки дар ҷанги Украина ба дасти нирӯҳои украинӣ ғанимат афтоданд, пайдо кардаанд.

Вазорати адлияи Амрико гуфт, тафтиши парвандаҳои Салимҷон Насриддинов ва Николай Голтсов ҳанӯз идома дорад.

Дар айбномае, ки моҳи ноябри соли 2023 ба додгоҳ ироа шуд, гуфта мешуд, ки Голтсев дар Канада зиндагӣ карда, дар тӯли чандин сол барои корхонаҳои ҳарбии Русия молҳои электронӣ мефиристодааст.

Бреон Пис, додситони ҳавзаи шарқии Ню-Йорк гуфт, Пузирёва “як бахши калидии ин нақшаи шустушӯи даромад аз тиҷорати молҳои таҳти таҳрим ва ба Русия фиристодани қисмҳои лозими ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳое буд, ки баъдан дар майдони ҷанги Украина ғанимат афтоданд”.

Пузирёва тавассути ширкати элктронии Simatech Group Inc., қароргоҳаш дар Монреал ба тиҷорати фанновариҳое, ки барои саноати ҳарбӣ низ истифода мешаванд, машғул буда, дар тӯли 5 соли охир ба суроғаи худ дар Канада аз ширкатҳои амрикоӣ беш аз 150 баста мол қабул кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти Амрико, ин схемаи интиқоли молҳои электронӣ ба Русия аз моҳи январи соли 2022 оғоз ёфта, дар умум онҳо беш аз 300 бастаи маҳсулоти таҳти таҳрим ба маблағи тақрибан 10 миллион долларро ба Русия интиқол додаанд. Бархе аз ин молҳо дар дронҳо, тонкҳо, чархболҳо ва мушакҳое, ки Русия дар ҷанги зидди Украина ба кор мебурд, истифода шудааст.

Дар парванда таъкид шудааст, ки “Голтсев ва Насриддинов медонистанд, ки маҳсулоти электроние, ки онҳо мефиристанд, бо ҳадафҳои ҳарбӣ истифода мешавад. Дар мукотибаашон дар рӯзи 23 феврали соли 2023, ки дар Русия ва бархе қисматҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун рӯзи артиш ҷашн гирифта мешавад,  Насриддинов ба Голтсев навиштааст: ”Рӯзи ҳимоятгари Ватан муборак!” Насриддинов дар поёни ин табрикнома акси интиқоли пулҳо дар ҳисоби бонкии ширкати ”SH Brothers”-ро часпондааст. Голтсев ҳам посух додааст ки:  ”Иди ту ҳам муборак, дӯстам. Мо Ватанро чӣ хеле ки метавонем, ҳимоя карда истодаем…” Голтсев дар поёни ин паёмаш маънидорона смайлики табассумро часпондааст.

Салимҷон Насриддинов 53 сол дорад. Ӯ зодаи Панҷакент ва дастпарвари Донишкадаи политехникии Тоҷикистон буда, дар миёнаҳои солҳои 90 барои таҳсил дар аспирантураи МАДИ (Донишкадаи роҳу нақлиёти Маскав) ба пойтахти Русия омад ва баъди хатми таҳсил дар Маскав монда, дар инҷо ба фаъолиятҳои илмӣ ва тиҷорат машғул буд. Чанд сол пеш Салимҷон Насриддинов ҳамроҳи аҳли хонаводааш ба Амрико кӯчид ва дар Ню-Йорк кору зиндагӣ дошт.

Намояндагони ҷамъияти тоҷикони Амрико Салимҷон Насриддиновро ҳамчун як марди меҳрубону ҳалим ва муаддаб тавсиф мекунанд ва мегӯянд, ки дар тақрибан ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии ҷамъият фаъолона иштирок мекард. Онҳо дар ҳайратанд, ки Салимҷон Насриддинов чӣ гуна ба доми чунин муомилаҳои машкук афтодааст?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button