ВарзишВидео

БА ДАРВОЗАБОНИ ТИМИ МИЛЛӢ РУСТАМ ЯТИМОВ МОШИНИ НАВИ “ТОЙОТА КОРОЛЛА” ТУҲФА КАРДАНД (5 АКС)

Рӯзи 6 феврали соли 2024 дар маркази хижматрасонии “Тойота Душанбе” маросими тантанавии супоридани калиди мошини нави тамғаи «Toyota Cоrolla», соли бароришаш 2023 ба дарвозабони бошгоҳи футболи «Истиқлол» ва тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов, баргузор гардид

 Бошгоҳи футболи “Истиқлол” (Душанбе) бо нашри чанд акс аз ин маросим хабар дод, ки Рустам Ятимов бо ҳунарнамоии пурҷилояш дар ҳайати мунтахаби миллии кишвар дар Ҷоми Осиё-2023 дили миллионҳо мухлисони футболро шод намуда, сазовори чунин туҳфаи арзишманд гардид.

Аз ҷониби роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» ба Рустам Ятимов калиди мошинро мудири кулли ширкати «Тоҷ Моторс», дилери расмии ширкати машҳури ҷопонии мошинсозии «Тойота» дар Тоҷикистон Аҳмадҷони Муҳаммад супорид.

Тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё -2023 дар Қатар бори аввал дар таърихаш ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва бо вуҷуди бохт аз Урдун бо ҳисоби андаки 0:1 дар ин марҳалаи мусобиқот дар қатори 8 тими зӯртарини қораи Осиё ҷой гирифт. Дарвозабони 25-солаи тими Тоҷикистон Рустам Ятимовро аксари мутахассисони футбол як кашфиёти Ҷоми Осиё -2023 ва беҳтарин дарвозабони ин мусобиқот мешуморанд.

Рустам Ятимов 13 июли соли 1998 дар шаҳри Нижний Новгороди Русия ба дунё омадаст. Падари ӯ Бобораҳим Ятимов тоҷик аст, модараш– аз Русия.

Рустам Ятимов машқи футболро дар мактаби варзишии “Волга-СДЮСШОР-8” оғоз карда, соли 2016, алакай дар синни 18 бо тими “Волга” (Нижний Новгород) қарордод баст. Аммо ин тим банкрот шуд ва Ятимов маҷбур шуд, дар пайи ҷустуҷӯи бошгоҳи дигар шуд.

Ҳамон вақт буд, ки ҳамдастааш дар “Волга” Искандар Ҷалилов занг зад ва гуфт, ӯро мехоҳанд дар  Душанбе дар бошгоҳи “Истиқлол” бубинанд. Дар “Истиқлол” ба Рустам Ятимов ваъда доданд, ки барояш шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳам мегиранд ва ӯ метавонад дар саффи тими миллии Тоҷикистон бозӣ кунад. Сармураббии вақти “Истиқлол” ситораи машҳури футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев  Рустам Ятимовро ба саффи ин бошгоҳ пазируфт ва бо дарвозабони он вақт ҳамагӣ 19-сола қарордоди панҷсола имзо карданд. Аммо гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон як сол тӯл кашид ва Рустам Ятимов соли 2017 аслан ба майдон баромада натавонист ва соли 2018 низ дар аввал дар саффи “Истиқлол” ҳамчун легионер ҳунарнамоӣ мекард. Аммо билохира дар соли 2018 ба Рустам Ятимов шаҳрвандии Тоҷикистонро доданд ва ӯ худи ҳамон сол се дафъа дар ҳайъати тими олимпии Тоҷикистон ба майдон баромада, 11 июни соли 2019 дар бозии рафиқона бо Афғонистон, ки бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт, бори нахуст дар ҳайъати тими миллии Тоҷикистон ба майдон баромад. Ҳоло Рустам дарвозабони №1-и ҳам “Истиқлол” ва ҳам тими миллии Тоҷикистон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button